Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мувофиқи ин шаҷара Ҳоҷӣ Моҳбегим ҳамсари Қосими Кўка, баъди марги ў ҳарами Ҳоҷӣ Ҳасани Арғун ва дар охир ҳарами Мирзо Исо Тархун буда, аз ин се ақд танҳо аз Қосими Кўка як духтар бо номи Ноҳидбига ба дунё овардааст.
Бояд гуфт, дар поёни ҳокимияти Исо Тархун, ки ба 1556 мелодӣ мувофиқ меояд, вазъи сиёсиву таърихӣ тағйир ёфт ва баъди ҳуҷуми портуғолиён Ҷалолиддин Муҳаммад Акбарподшоҳ ба сари маснад омад. Фахрии Ҳиравӣ ба дарбори ў омада, маддоҳи ў ва ҳамсараш Салимабегим гаштааст. Салимабегим ҳам, ки набераи Заҳириддини Бобур буд, табъи шоирӣ доштааст ва аз ў як байт дар сарчашмаҳо боқӣ мондааст:
Кокулатро гар зи мастӣ риштаи ҷон гуфтаам, Маст будам, з-ин сабаб ҳарфи парешон гуфтаам.
Фахрӣ дар васфи султон Ҷалолиддин низ қасидае дар дебочаи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» гуфтааст, ки ду байти аввалаш ин аст:
Он ки мегўяд садои табли ў дар гўши чарх, Навбати султон Ҷалолиддин Муҳаммад Акбар аст.
Он шоҳаншоҳи фалакқадре, ки аз рўи шараф, Шамсаи айвони қасраш офтоби Ховар аст.
Ҳисомиддини Рошидӣ, ки осори Фахрии Ҳиравӣ «Равзат-ус-салотин», «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» ва ашъори ўро ба табъ расонида ва пешгуфтори хеле пурарзише низ навиштааст, дар мавриди Моҳимбегиме, ки исмаш баъди Ҷалолиддини Муҳаммад Акбар дар оғози китоб омадааст, шубҳа дорад, ки ў дояи Акбар бошад: «Дар хаёли нигоранда ин Моҳимбегим дояи Акбар набошад, вале ин Ҳоҷӣ Моҳимбегим бинти Муҳаммадмуқими Арғун аст, ки дар ақди Қосими Кўка буд ва баъд дар издивоҷи шоҳ Ҳасани Арғун омад ва баъд аз фавти вай Мирзо Исо ўро ба ақд овард».
Ин қавл ба он далел рост менамояд, ки «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» дар нусхаҳои мухталиф дебочаҳои мутафарриқ дорад ва дар дебочаи аввал номи Ҳоҷибегим ва дар дебочаи дувум номи Моҳимбегим омадааст. Қасидаи охири «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»
низ, ки ба номи Моҳимбегим аст, дар баъзе нусхаҳо вуҷуд надорад ва аз ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки дебочаи нав ва қасидаи охир дертар ба асар афзуда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё