Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Маводе, ки Фахрии Ҳиравӣ дар бораи занони сухангўй овардааст, бисёр асноди рўзгори онҳоро равшан менамояд ва арзиши адабиву таърихӣ доранд.
- Дар ҳамаи тазкираҳои шоираҳои баъдина, аз ҷумла дар «Ахтари тобон»-и Абулқосим Мўҳташам Шарвонии Баҳупалӣ, «Хайроти ҳисон»-и Муҳаммадҳасани Мароғӣ, «Ҳадиқаи ишрат»-и Кунгар Дурга Прасад, «Машоҳир-ун-нисо»-и Муҳаммад Зеҳнии Афандӣ, «Тазкират-ул-хавотин»-и Малик-ул-куттоб, «Парданишинони сухангўй»-и Могаи Раҳмонӣ, «Аз Робиа то Парвин»-и Кишоварзи Садр, «Занони суханвар»-и Алиакбар Мушири Салимӣ, «Машоҳири занони эронӣ»-и Муҳаммадҳасани Раҷабӣ, «Дар пўяи адаби форсӣ»-и Ато, «Ҳафт шаҳри ишқ»-и Меҳрии Шоҳҳусайнӣ тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» сарчашмаи асосӣ қарор гирифтааст ва мақолоти онҳо дар бораи бонувони шоире, ки зикрашон дар «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» ҳаст, маъхуз аз ҳамин асар аст.
Матни интиқодии «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-ро донишманди покистонӣ Ҳисомиддини Рошидӣ дар заминаи се нусха ба табъ расонидааст: - Нусхае, ки дар матбааи Нувал Кишур чоп шудааст.
- Нусхае, ки Сайид Шамсуллоҳи Қодирӣ ба рисолаи урдуи худ ҳамроҳ карда, ба табъ расонидааст.
- Нусхаи хаттии мунҳасир ба фарди Рошидӣ, ки роҷеъ ба он Аҳмад Гулчини Маонӣ низ дар «Таърихи тазкираҳои форсӣ»
маълумот додааст ва онро ба сифати матни асосӣ истифода кардааст. Нусхаҳои дигар «нун» ва «шин» бо он муқоиса шудаанд.
Аз ин се нусха дар нусхаи аввал зикри 27 нафар, дар нусхаи Сайид Шамсуллоҳи Қодирӣ 26 нафар ва дар нусхаи асосӣ 31 нафар шоираҳо зикр шудаанд. Дар нусхаи Рошидӣ пеш аз қасидаи охир «Таммати «Тазкират-ун-нисо» омадааст, бинобар ин, дар баъзе сарчашмаҳо ин асар бо номи «Тазкират-ун-нисо» низ ёд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё