Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Пайнавишт:
- Алиев С. Ҷавоҳир-ул-аҷоиб.–Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3.–Душанбе, 2003.–С. 480.
- Алиева Ф. Тазкират-ул-хавотин ва хусусиятҳои он // Садои Шарқ.–1990.–№9.–С. 126.
- Алишери Навоӣ. Маҷолис-ун-нафоис / Бо саъю эҳтимоми Алиасғари Ҳикмат.–Тошканд, 1323 ҳ.
- Аҳмад Гулчини Маонӣ. Таърихи тазкираҳои форсӣ.–Теҳрон, 1363 ҳ.
- Аҳмад Гулчини Маонӣ. Таърихи тазкираҳои форсӣ.–Теҳрон, 1363 ҳ.
- Девони Фахрии Ҳиравӣ.–Дар кит.: Равзат-ус-салотин маа Ҷавоҳир-ул-аҷоиб-и Фахрии Ҳиравӣ / Пешгуфтор, тасҳеҳ ва таҳшияи Ҳисомиддини Рошидӣ.–Ҳайдаробод, 1968.
- Равзат-ус-салотин маа Ҷавоҳир-ул-аҷоиб-и Фахрии Ҳиравӣ / Пешгуфтор, тасҳеҳ ва таҳшияи Ҳисомиддини Рошидӣ.–Ҳайдаробод, 1968.
- Ҳафт кишвар / Пешгуфтор ва таҳияи Қамчини Чилла.–Душанбе: Ирфон, 1992.
Соли 2007
1
ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ШАРЪӢ ВА ТАЗКИРАИ Ў
Шарҳи ҳол. Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ аз зумраи суханварон ва тазкиранигорони маъруфи поёни асри ХІХ ва ибтидои асри ХХ аст, ки роҷеъ ба ҳирфаи шоирӣ, маҳорати сухангустарӣ ва лаҳазоти рўзгораш, мутаассифона, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва тадқиқоти илмӣ маълумот мухтасар ва пурихтилоф аст. Расул Ҳодизода бо такя ба маълумоти Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» зикр мекунад, ки ў зодаи Пешовари Покистон аст (16, 49). Аммо дар худи ҳамин тазкира Абдӣ ўро «эронӣ» гуфтааст (1, 139). Бино ба ахбори аксари сарчашмаҳои ҳамин давра таърихи валодати Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ дар ибтидои солҳои 30-юми асри ХІХ дар Пешовар ба вуқўъ пайвастааст. Ў таҳсилоти муқаддамотиро дар ҳамин шаҳр гирифта, баъдан дар Бухоро ба таҳсил мепардозад. Дар бораи донишҳое, ки ў дар ин давра фаро гирифтааст, Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» мегўяд:
1 Ҳаммуаллифи ин мақола И.Эшонқулов аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё