Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба ҳар илм чанде тамассук намуд,
Зи чанде агар кам, зи чанде фузуд.
Аз он ҷумла дар шеър хавзи тамом,
Басе карду гардид мақбули ом.
Зи илми аҳодису тафсир чанд,
Ба саъйу тараддуд шуда баҳраманд.
Зи дигар улуми ғариба, ки буд,
Ба кўшиш аз он низ ҳаззе рабуд (10, 122).
Бино ба гуфтаи Ҳашмат, Шаръӣ «аз оғози ҷавонӣ дар таҳсили улум ҳиммат гумошта, хатми дарсияи расмияро тамом намуда, дар лавозимоти иншо ҷаҳди балеғ ва саъйи вотафир намуда, забту ҳифз сохта, ба назди Саъдуддини Моҳир…
фароизро тамом кардааст» (13, 24).
Мавсуф пас аз хатми мадраса дар солҳои 60-уми асри
ХІХ ба мударрисии баъзе мадрасаҳои Бухоро таъйин мешавад. Дар солҳои 70-80-ум Шаръӣ азми сафари Ҳиндустон намуда, дар муддати чанд соли иқомат дар он ҷо ба омўзиши улуми мухталиф машғул мешавад:
Паи касби таҳсилу фазлу камол,
Ба Ҳиндустон рафт дар бадви ҳол.
Дар он сарзамин чанд гоҳе бимонд,
Аҳодису тафсир он ҷо бихонд.
Аз он ҷо дигарбора Парвардигор,
Расонид ўро ба мулки Бухор (10, 122).
Баъд аз бозгашт ба Бухоро ў ба баъзе мансабҳои маъмурӣ сарфароз гардида, дар ниҳоят раиси Янгиқўрғон таъйин мешавад ва соли 1307/1889-1890 дар ҳамин ҷо вафот мекунад:
Пас аз хатми таҳсил чанде давид,
Саҳеҳхонии Арк ўро расид.
Пас он гоҳ Музаффар – шаҳи некрой,
Варо муҳтасиб кард дар чанд ҷой.
Дар он дам, ки роқим зи бахти анид,
Ба қозигии Янгиқўрғон расид.
Ҳамон дам дар он мулк будӣ раис,
Маро буд зебо анису ҷалис.
Ба андак замон рахти ҳастӣ кашид.
Зи тан мурғи руҳаш дар он ҷо парид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё