Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин хотир истифодаи баъзе санъатҳои бадеӣ, аз қабили иғроқу ғулув («Шоҳнома»-и Фирдавсӣ истисност), иҳом, ҳусни таълил, ташбеҳу истиораҳои дур аз зеҳн, баъзе санъатҳои лафзӣ бо ҳадафи суханбозӣ дар ин давра роиҷ ва арзишманд нестанд. Баръакс, саҳли мумтанеъ, яъне, шеъри фасеҳу балеғ ва равону пурмоя ва бетакаллуфу ширин қобили ситоиш аст. Аммо ин гуфтор маънии онро надорад, ки шеъри асри Х аз ҷозибаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла саноеи бадеӣ орӣ буд. Аз санъатҳои шеърие, ки дар ин замон басомади зиёд доштанд, яъне, вежагии адабии шеъри ин давраро ташкил додаанд, ташбеҳ, истиора тавсиф, тазод, ирсоли масал, тамсил, муламмаъ, саволу ҷавоб, тааҷҷуб, таҷнис муравваҷ буданд.
Аз ин миён ташбеҳ воситаи муҳимтарини баён ба шумор меояд, зеро сарояндагони шеъри форсӣ аз оғоз дарк карда буданд, ки ширинии шеър ба лутфи сухан аст ва чизеро ба чизи дигаре монанд кардан ҷозибаи каломро меафзояд.
Муҳаққиқоне, ки ба омўзиши сабки шеъри форсӣ дар асри Х мутаваҷҷеҳ шудаанд, навъҳои гуногуни ташбеҳро дар ин давра зикр намудаанд. Аз ҷумла, Муҳаммадҷаъфари Маҳҷуб мавҷудияти ташбеҳи тафзилӣ, ташбеҳи машрут, ташбеҳи измор ва соири ташбеҳотро бо намунаҳои зебое аз осори боқимондаи манзум ёдовар мешавад (8, с. 71-71).
Аз назари Сируси Шамисо, «шеъри ин давра ба лиҳози ташбеҳ, махсусан, ташбеҳи тафсилӣ бисёр қавӣ аст. Ташбеҳоти ин давра ҳосили нигоҳ ва диққати худи шоирон ба табиат ва ашёст, ҳол он ки шоирони давраҳои баъд гоҳе табиат ва ашёро аз чашми шоирони ин давра мебинанд. Ташбеҳот ғолибан маҳсус ба маҳсусанд (ҳам муфрад ва ҳам мураккаб), аммо ташбеҳи маҳсус ба маъқул ҳам дида мешавад, ки навъе навоварӣ аст. Аммо ташбеҳи маъқул ба маъқул нодир аст. Ташбеҳот гоҳе маъхуз аз адаби арабанд» (21, с. 39).
М. Н. Османов дар китоби худ «Сабки шеъри форсу тоҷик дар асрҳои ІХ-Х» ташбеҳҳоро ба ду навъ ҷудо кардааст:
ифодагари амал (функциональные) ва ифодагари ҳиссиёти мушаххас (конкретно-чувственные).

пешина
аз 500
навбатӣ