Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар иртибот бо ташбеҳ ў 9 мавзўи асосии шеъри асрҳои ІХ-Х-ро муайян намудааст:
- Шахсиятҳо: маъшуқ, мамдўҳ, қаҳрамони ғиноӣ, душман, муҳаҷҷав (касе, ки ўро ҳаҷв мекунад); 2. Аҷзои қаҳрамони ғиноӣ: дил, тан, қомат, ашк, мўй, рўй; 3. Зоҳири маъшуқ: абрў, бинӣ, тан, зулф, мўй, қомат, чашм, дандон, лаб, даҳон, хол, хат, ғабғаб, нигоҳ; 4. Шароб: май, ҷом; 5. Аслиҳа: теғ, камон, тир, асп; 6. Табиат: об, абр, сабза, оташ, бод, қатраи борон, боғ, барф, раъд, замин, барқ, рангинкамон, ях, шаб; 7. Гулу гиёҳ: гул, насрин, лола, наргис, сунбул, бунафша, хайрӣ, нилуфар, арғувон, тоҷихурус (бўстонафрўз), ёсуман, шох, барги гул; 8. Ҷирмҳои осмонӣ: офтоб, моҳ, ситораҳо, сайёраҳо; 9. Падидаҳои ҷаҳони маънавӣ: ишқ, ғам, фироқ, марг, зиндагӣ, дониш, хирад, ҷаҳон, тақдир, ҳирс, сухан, сабр, некӣ, мадҳ.
Мавсуф ба ҳар кадом аз ин мушаббаҳҳо мушаббаҳбиҳӣ оварда, басомади онро дар шеъри давраи мазкур бармешуморад ва навъи ташбеҳро зикр мекунад. Чунин тарзи таҳқиқ хеле арзишманд буда, муҳаққиқро ба хулосаҳои дурусти илмӣ расонидааст.
Маълум мешавад, ки дар шеъри асрҳои ІХ-Х вожаҳои зерин ба ҳайси мушаббаҳ басомади зиёд доранд: моҳ (21 маротиба истифода шудааст), оташ (16 бор), гул (15), ёқут (12), сарв (11), абр (10), ақиқ (9), камон (9), бод (8), заҳр (8), хуршед, май (7), об, офтоб, парниён, дурр, зебо, рўй, шаб, шакар, шер (6), боз, биҳишт, тир, теғ, ҷон, даруна, дарё, зар, қир, лола (5), баҳор, пешкор, чароғ, ҳуро, каманд, гавҳар, мор, мурғ (4).
Миқдори ташбеҳоти ифодакунандаи амал ва ҳис (ранг, бўй, таъм, садо) дар назми ин давра тақрибан баробар аст.
Барои тасвири рўи маъшуқ, масалан, шоирон ташбеҳҳои зеринро ба кор бурдаанд: оташ, озар, офтоб, боғ, хуршед, дарёи ҳусн, рўз, Зуҳал, сим, қамар, кофур, гул, лола, лаъл, май, номаи хубӣ, ёқут. Ё худ майро ба абри баҳманӣ, оташ, офтоб, теғи пеши офтоб, равони раво, зар, занг, шутури маст, шақоиқ, шири мом, анбар, ақиқ, қатра, саҳоб, гулоб, гавҳар, лола, лаъл, мушк, ёқут монанд кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё