Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ҶУСТОРЕ ДАР
АДАБИЁТИ МУОСИР
ҶАРАЁНҲОИ ШЕЪРИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ ВА
МАСОИЛИ РУШДИ ШЕЪРИ САПЕД ДАР
ТОҶИКИСТОН
Шеър муҳимтарин унсури фарҳангу тамаддуни башарист. Он ҷўшишест аз завқу авотиф ва андешаи як миллат ва, ба ин далел, адабиёти ҳар халқ мубайини сатҳи афкори бадеӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии он аст.
Чун ҳадаф аз ин мақола баррасии ҷараёнҳои шеъри муосири тоҷикист, қабл аз ҳама бояд биандешем, ки мафҳуми «муосир» кадом доираи замониро фаро мегирад. Ба андешаи мо, ин мафҳум дар иртибот бо даврабандии таърихи адабиёти форсӣ ба як маънӣ ва вобаста ба таҳаввули шеър дар давраи охир ба маънии густурда «адабиёти баъди инқилоби шўравӣ»
ва, ба маънии дигар, «адабиёти давраи истиқлолият»-ро дар худ ғунҷоиш медиҳад. Ҳини даврабандии шеъри муосири тоҷикӣ мафҳуми «муосир» ба маънии густурда дар назар аст, яъне, давраи охирини адабиёт аз табаддулоти бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар шурўъ мешавад.
Адабиёти асил ҳамеша рўҳи замонро ифода мекунад ва, ба ин далел, табаддулоти бузурги айём ногузир ба ҷаҳонбинӣ, дидгоҳҳо, усулҳо, равишҳо, мактабҳо, ҷараёнҳо ва сабкҳои адабӣ таъсир мекунад.
Баъди инқилоби шўравӣ дар шеъри муосири тоҷикӣ ду навъи шеър ҷараён гирифт. Яке, анвои суннатии шеър бо кулли лавозимоти шеърии қадим, қолабҳои анъанавӣ, қофияву радиф, авзони муқаррарии арўз, тасвирҳои клишеӣ ва ғайра ва дигар – шеъри нав бо таҷоруби тозаи шуаро дар вазну оҳангу равиши хоси баён ва сувари хаёл.
Ҷараёни аввал дар ашъори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Муҳаммадҷони Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Зуфархон Ҷавҳаризода, Саидалӣ Вализода ва дигарон идома ёфт ва то ҳол дар баробари шеъри нав дар ашъори шуарои имрўзин идома дорад. Аммо қобили зикр аст, ки тақрибан аз солҳои 30-юм то солҳои 80-уми қарни ХХ носозгарии ҳақиқати рўзгори навин бо қолабҳои суннатии қасидаву ғазал ва рубоиву дубайтӣ падид омад ва як муддат ин анвои шеърӣ дар ҳошияи адабиёт қарор гирифтанд ва кор ба ҷое низ расид, ки сару садоҳое перомуни марги ин қаволиб миёни аҳли адаб баланд шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё