Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Феҳрасти тазодҳои шеъри форсии асрҳои ІХ-Х бештар аз 100 ҷуфти мутазодро дар бар мегирад ва аз ин омор ба хулосае метавон расид, ки санъати мазкур дар давраи ташаккули шеър ба забони форсӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст. Бархе аз ин калимаҳои муқобилмаъно ба зеҳн наздиканд: охир-аввал, оштӣ-ҷанг, омада-гузашта, андўҳ-шодӣ, боло-паст, бахил-ҷуд, бегона-хеш, пок-палид, падар-фарзанд, талх-ширин, тирамоҳ-навбаҳор, ҷанг-сулҳ, харгўш-гург, хубӣ-зиштӣ, дард-дармон, дун-шариф, гарм-сард, маънӣ-сурат. Бархи дигар шояд дар ҳамон замон роиҷ бошанд, чунки вожаи «боз» ба маънии парранда 6 бор ба кор рафта, ҳар бор бо вожаҳои нодир муқобил гузошта мешавад:
Боз – тайҳув, боз-ҷуғд, боз-чағав, боз-шахиш, боз-фарфур, боз-карок.
Тазод мутобиқи низоми муайяне сохта шудааст, ки дар аксари маврид хубе бо сифати нохуб асоси онро ташкил медиҳад, чунонки доно-нодон, дониш-ҷаҳл, висол-фироқ, шодӣғам, зўр-заиф, хуб-бад.
Азбаски бунёди адаби форсӣ бар панду андарз аст, шоирон ба овардани масал ва ҳикмат майли хоса доштанд. Хусусан, дар ашъори Рўдакӣ, Абўшакур, Шаҳиди Балхӣ ин санъат басомади зиёд дорад. Чунончи, «Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш», «Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст»
(Рўдакӣ), «Ки доно бувад бегумон дар биҳишт», «Набошад кас аз раҳнамун бениёз», «Фузун аз гилемат макун пои хеш»
(Абўшакур), «Беадаб бо ҳазор кас танҳост» (Шаҳиди Балхӣ) ва амсоли ин.
Тамсил дар зеҳни ҳикматпарвари форсизабонон ҳамеша мавриди таваҷҷўҳ буд. Дар асрҳои ІХ-Х адибон на танҳо осори тамсилиро ба забони форсӣ баргардониданд, балки худашон низ дар насру назм кўшиш карданд, ки мазоҳири табиат ва зиндагии ҳайвоноту паррандагонро мисол оваранд ва аз он барои инсон суд ҷўянд. Дар ашъори Рўдакӣ, Абўшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ ва Абулаббоси Марвазӣ тамсил чун вежагии сабк ба мушоҳида расид. Масалан, Рўдакӣ мори газандаро ба сифла монанд мекунад ва маслиҳат медиҳад, ки мардум аз ў барҳазар бошанд.

пешина
аз 500
навбатӣ