Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ё худ ҷуғде, ки бо боз майли ҳампарвозӣ кунад, пару боли худро мешиканад. Абўшакури Балхӣ низ ниҳолро кўдак ва боғбонро тарбиятгари ў ҳисобида, вақтро дар тарбия муҳим медонад:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон Бигардонад ўро чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз натвонадаш, Ки аз кажживу хам бигардонадаш.
Талмеҳ дар аҳди Сомониён намоёнгари дониши густурдаи шоирон аз таъриху адаби куҳан ва огоҳии эшон аз қиссаҳои диниву устуравӣ, осори мутақаддимону файласуфон мебошад. Дар шеъри ин давра аз лиҳози мавзўъ талмеҳҳои зерин рўи кор омадаанд:
- Устура ва ҳамосаҳои қадимӣ: Рустам, Бежан, Соми Савор, Сиёвуш, илми Ковиён, Фаридун, Нўзар.
- Ишора ба қиссаҳо ва китобҳои мазҳабӣ: Иброҳим, Авеста, Аржанги Монӣ, Озар, Юсуф, Ҷабраил, Хизр, Масеҳо, Зулайхо, Ризвон, Исо, Қобил, кафи Мўсо, кўҳи Қоф, Кавсар, киштии Нўҳ, лайлатулқадр, Марям, Монӣ, Ҳорун.
- Ишора ба шахсиятҳои таърихӣ: Оли Бўсуфён, аҳли Хайбар, Борбад, тоҷи Кисро, теғи Ҳайдар, Ҷарир, Зулфиқори Алӣ, Заҳро, Саҳбон, Суқрот, Сулаймон, Той, Фалотун 4. Ишора ба қаҳрамонҳои осори адабӣ: чашми Маҷнун, ҳотами Той, хотири Маҷнун, рухсори Лайло, турраи Лайло, метини Фарҳод, ваҳйномаи Кисро.
Як хусусияти дигари сабки ин давра истифодаи санъати муламмаъ, яъне, ба ду забон, ба тариқи ширу шакар, гуфтани шеър будааст. Дар аҳди Сомониён аксари шуаро забони арабиро хуб медонистанд ва забондонии худро тавассути ишора ба ҳадису оёт ва ё овардани байту мисрае ба забони арабӣ нишон додаанд. Таркиби мисраъ ва абёти арабӣ дар осори бозмондаи аҳди Сомонӣ, аз ҷумла, дар ашъори Рўдакӣ, Робиа, Бадеи Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ ба назар расиданд.
Сабки шуарои номвари давра. Рўдакиро барҳақ «пири шеъри форсӣ», «падари шеъри форсӣ», «султони шоирон»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё