Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бройдо ва А. Ҳоҷибоев қобили таваҷҷўҳ аст. Яъне, қазияи С. Шадунс ва Г. Бройдоро то ҷое метавон ба қазияи Г. Бройдо ва А. Ҳоҷибоев татбиқ кард.
Ҳамин тавр, охири соли 1933 ва солҳои 1934-1936 марҳалаи танқиди шадиди сиёсати Ҳоҷибоев ва Махсум аст. Дар ин айём «маскаи сиёҳи рўи онҳо комилан бардошта ва тамоми хиёнати онҳо дар назди оммаи меҳнаткаш ошкор» гардиданд (1, 2).
Раҳбарони собиқи тоҷик пас аз сабукдўшӣ аз вазифа соли 1934 барои таҳсил ба шаҳри Маскав фаро хонда шуданд.
Аммо аз мушаххасоти давраи зиндагии Абдураҳим Ҳоҷибоев дар марказ ва ҷараёни таҳсили ў дар Институти иқтисодии Профессураи сурх (1934-1937), муносибати замона дар ин давра ба ў ба сифати шахси маҳкумшуда ба таври комил огаҳӣ надорем. Ҳамин қадар равшан мешавад, ки дар ҷаласаҳои институт низ пайваста «иштибоҳ» ва «рафтори дағали сиёсӣ»-и Абдураҳим Ҳоҷибоев мавриди муҳокима ва танқиди шадиди раҳбарият қарор мегирифт. Ҳатто фишурдаи (реферат) илмии Абдураҳим Ҳоҷибоев «Ҳаракати Стаханов ва истеҳсолоти меҳнат»-ро аз ин лиҳоз маҳкум карданд, ки бино ба сабаби ошноӣ ва шинухезаш бо Николай Бухарин таъсири ғояҳои ўро фаро гирифтааст (10, 152).
Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум дар раванди ҳаводиси соли 1937 ба қатл маҳкум шуданд. Дар шинохти қазияҳои муҳими марбут ба ин мавзўъ маводи Анҷумани аввалини адибони Тоҷикистон ба сифати манбаи муҳим хидмат менамояд.
Пайнавишт:
1 Алӣ Хуш, Турсунзода ва диг. То охир решакан мекунем / Тоҷ.
сурх.–1933.–11 июн.–№132(1431).–С. 3.
2 Барои кори амалӣ, барои дар таҳти роҳбарияти партия кор кардан. Сарсухани раф. Лоҳутӣ дар анҷумани якуми нависандагони шўроии Тоҷикистон // Барои адабиёти сотсиали стӣ.–1934.–№5-6(17-18).– С. 1-7.
3 Барои муваффақиятнок ҳал кардани вазифаҳои таърихи панҷсолаи дувум бо ҳамроҳии партия ба пеш: Нутқи раиси ШКХ раф. Раҳимбоев дар съезди якуми нависандагони шўроии Тоҷикистон // Барои адабиёти сотсиалистӣ.–1934.–№5-6(17-18).

пешина
аз 500
навбатӣ