Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Даст аз ҷаҳон бишўям, иззу шараф наҷўям, Мадҳу ғазал нагўям, мақтул кунам тақозо.
3. Майл ба тасвири зебоӣ ва ташвиқи хонанда ба дидани он.
Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосасарои эронӣ аст, ки сабки шеъраш махсус буда, дар давоми бештар аз ҳазор сол мунфарид мондааст.
- Забони Фирдавсӣ қавиву қотеъ аст ва лаҳни ў ҳамосӣ.
Дар ҳифзи асолати забон кўшиш кардааст. - Рўҳияи «Шоҳнома» рўҳияи бешикаст ва пурифтихори эронигаро аст.
- Ситоиши хирад, некӣ, ростӣ, ҷавонмардӣ, далерӣ.
- Мавзўъҳои асосии «Шоҳнома» разму базм, ахлоқу мавъиза, тамсил ва васф аст.
- Фирдавсӣ бо фарҳангу адабиёти араб ва аҳодису ривоёти исломӣ ошно буд ва дар «Шоҳнома» аз он донишу огоҳии хеш истифода бурдааст.
- Ҳузури самимии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» эҳсос мешавад ва гоҳе ў ошкоро эҳсосоти хешро ифода мекунад: «Дили нозук аз он ояд ба танг…»
- Лаҳни иғроқомез, хусусан дар тасвири размҳо хоси сабки Фирдавсӣ аст.
- Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз санъатҳои лафзӣ эҳтироз варзидааст. Ҳатто дар сурати ба кор бурдани ҷинос, тарсеъ, такрор, иштиқоқ ва ғайра ҳадафи шоир суханороӣ ва суханбозӣ набудааст.
- Истифода аз кинояву маҷоз ва тавсифу ташбеҳҳои фаровон дар тасвирсозӣ ва таркиббофӣ.
- Фирдавсӣ вожаву таркиботи зиёдро бори аввал ба шеър ворид кардааст, ки баъди ў дар шеъри форсӣ истиқрор ёфтаанд.
Сарчашмаҳо:
- Абўабдуллоҳи Рўдакӣ. Ашъор. Ахтарони адаб.–Душанбе: Адиб,
- Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ.–Душанбе: Адиб, 2007.
- Бадеъуззамон Фурўзонфар.–Сухан ва суханварон.–Теҳрон: Интишороти Хоразмӣ, 1369.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё