Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Афзунии ташбеҳ ва анвои он: Чаман – аржанги Монӣ; Гул – ранги рухсори Лайло; Сиришке дар лола – ақиқин қадаҳ; Бунафша – рўҳбони дини тарсо; Абр – чашми одам.
    Ҳамчунин дар ашъори Робиа намунаҳои ҷолиби саноеи дигар: таҷнис, ташхис, тарсеъ, тазод, ирсоли масал, таҷоҳули ориф, муламмаъ ба назар мерасад.
    Шаҳиди Балхӣ аз шуарои номвари ин давра аст, ки тақрибан 100 байт аз ў боқӣ монда. Фаррухӣ дар васфи ғазалиёти ў тавсифҳои «дилоромӣ ва нағзӣ»-ро муносиб дидааст.
    Забони Шаҳид содаву фасеҳ аст, луғоти арабӣ хеле кам ба кор бурдааст. Ў майл ба саноеи ташбеҳ, такрор, тазоду муқобала, муболиға, ирсоли масал дорад.
    Шунидаам, ки биҳишт он касе тавонад ёфт, Ки орзу бирасонад ба орзуманде.
    Ҳазор кабк надорад дили як шоҳин, Ҳазор банда надорад дили худованде.
    Дар ашъори Абўшакури Балхӣ, ки чанд байте аз «Офариннома»-аш то рўзгори мо расидааст, мухтассоти сабкии зерин ба мушоҳида расид:
  2. Парҳез аз луғоти арабӣ; 2. Фаровонии алифи итлоқ; 3. Таваҷҷўҳ ба панду андарз; 4. Майл ба тамсилнигорӣ.
    Дақиқӣ, ки бо 1000 байти «Гуштоспнома» ва абёти пароканда машҳур аст, мушаххасоти сабкаш чунин аст:
  3. Осори қидмат ва кўҳнагӣ дар забон; 2. Майл ба ҳамоса; 3. Таваҷҷўҳ ба мадҳ (худи шоир мегўяд, ки мадҳ то ба ў урён буд ва ба шарофати ў пероя ёфт); 4. Таваҷҷўҳи махсус ба дини зардуштӣ:
    Яке Зардуштворам орзуест,
    Ки пешаш Зандро бархонам аз бар.
    Кисоӣ аз шоирони бузурги давраи Сомониён буд, ки нишонаҳои шеъраш чунин ба мушоҳида омадааст:
  4. Таваҷҷўҳ ба масоили ташаюъ (шиа); 2. Танқиди мадҳу маддоҳӣ:
пешина
аз 500
навбатӣ