Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Суннати қадимии номанигорӣ дар адабиёт имрўз низ идома дорад. Ба ҷуз номаҳои мансури аҳли адаб, ки лаҳазоти муҳими рўзгори ҷомеа ва муаллифони мактубҳоро боз менамоянд, номаҳои манзуми бадеӣ низ дар ифшои рўҳи замон ва андешаву афкори адибон имконоти хубе фароҳам меоваранд.
Адиби андешапарвари тоҷик Аҳмадҷони Раҳматзод, ки кутуби ашъораш «Баҳори хаёл» (Душанбе, 1987), «Шукуфтасанг» (Душанбе, 1990), «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002) аз хаёлбофии нозук ва ҳунари нотакрору салиқаи шоиронаи муаллиф гувоҳӣ медиҳанд, низ дар идомаи анъанаҳои хуби нигориши тарассулот ва бо истифода аз шакли пурғунҷоиш ва пурғановати нома ду китоби охири худро «Номаи сарво» (2008) ва «Номаи мўҳрбанд» (2010) ном гузоштааст. Номаи сарво маъмулан номаест, ки мухотабаш ҳамагон ҳастанд, акси номаи сарбаста. Ва вожаи «сарво» дар фарҳанг маънии ҳикоятро низ дорад. Аммо чӣ матлабе дар зеҳни шоир аст? Барои посух ҷустан ба ин суол ба маҷмўаи мазкури ашъор руҷўъ мекунем ва дар он шеъреро бо номи «Номаи сарво» пайдо мекунем ва мисраъҳои зеринро далел меорем:
Ишқро тўли ҳазорон сол
Номаи сарво ҳисобиданд, аммо номаи макфуф…
Ибтидои мактаби ишқи асил аз номаи сарвост – Қисмати марди асил аст он!
Ишқ тақдир аст аз болост!
Ин шеър дар қисмати «Гулбаргнома» ҷо дода шудааст, ки ғолибан фарогири ашъори ишқии шоир аст. Ишқ атои осмонист, ки шоири мо шокири он аст ва ашъораш сарбасар мадюни ҳамин эҳсоси гарми зиндагизо ва меҳрбарангез. Ҳамин сарчашмаи ҷовидона тамоми ашъори ин китобро шодоб намуда, дар рагу пайванди абёт хуни гарми ишқро ба таҳрик оварда ва мўҷиби тавлиди тасвирҳои балеғу муассир гардидааст.
Муаллиф номаи сарвои худро ба даҳ фасл ҷудо намуда.
дар се фасли аввал достонҳои «Пайғоми ориён», «Достони солҳо», «Абўмаҳмуди Хуҷандӣ», дар ду бахши дигар «Модарнома»-ву «Бародарнома», дар бахшҳои сонӣ «Нигоҳи нур»-у «Гулбаргнома»-ро ҷой додааст. «Ғазалҳо», «Рубоиҳо»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо