Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ва «Тарҷумаҳо» фаслҳои охирини маҷмўа буда, аз таваҷҷўҳи адиб ба анвои суннатӣ дарак медиҳанд.
Достони «Пайғоми ориён» дар шакли нома иншо шуда, масоили таърихӣ, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватани аҷдодиро ба миён мегузорад. Таърихи чандинҳазорсолаи шаҳри Хуҷанд, шукўҳи давлати бузурги Сомониён, турктозиҳои аҷнабиён, хиёнатҳои душманони дўстнамо, сарнавишти талхи бузургони миллат – ҳама дар маҷмўъ дар меҳвари андешаҳои шоир ҷо гирифтаанд. Шоири огоҳдил тавассути номаҳои Каюмарсу Мунтасир, Темурмалику Хоҷа Камол, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, ки баёнгари афкори ин бузургмардонанд, хати қисмати ниёгони моро тавзеҳ медиҳад.
Ҳар нома сабақе аз мактаби таърих аст, ки дар мисоли сарнавишти як шаҳри қадими хиттаи тоҷикон – Хуҷанд, сафаҳоти пурпечутоби таърихро бозгў менамояд ва аз бозиҳои шаётинии нокасону палидон ҳушдор медиҳад. Чунончи, дар «Номаи Мунтасири Сомонӣ» шоир аз номи ин озодамарди таърихи миллати мо барои насли имрўз панд медиҳад:
Ҳукумат бувад пойдор аз адолат, Намон рўбаҳонро ба даргоҳи ихлос, Ки онон чунон гурбаҳои банозанд, Ба як дид поканду лекин чӣ ифлос!
Ҳама бениёзу ҳама бенамозанд…
Темурмалик низ баъди таҳлили бурду бохти ҷанг бо урдуи Чингиз ба хулосае мерасад, ки кишвар на аз заъфи нерўву қудрат ва ҳиммату ҷасорати ҷавонмардони тоҷик, балки аз хиёнату разолат ва қабоҳати як идда мардуми беимон ба шикасту мағлубият рў ба рў шудааст:
Ки ҳар гаҳ дар ҳукуматҳо хиёнат ҳаст, Разолат ҳасту тўҳмат ҳаст,
Ҷавонмардӣ бимирад, чун қабоҳат ҳаст.
Шоир аз дарди бедавои маҳалгароиву бузургманишӣ, ки бархе нохудогоҳона гирифтори он шудаанд, бо таассуф ҳарф мезанад ва барои расидан ба фардои ҷовидону сабз сабақе аз рўзгори мозӣ пеш меорад.
«Достони солҳо» нигоҳе ба таърихи навини кишвари тоҷикон дар тўли солҳои сангини дигаргуниҳои куллии сиёсиву иҷтимоӣ аз соли 1992 то соли 1999 мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо