Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Оҳ, модарҷони лабанҷири ман, Ширабандии табассумҳои қандат ёд кардам!
Нозхандат ёд кардам.
Аммо агар ҳадаф танҳо тасвири чеҳраи модар ва таъкиди зинда будани ёди ў дар дили фарзанд мебуд, шояд ин ашъор камтар муассир мешуд. Ин порае, ки иқтибос шуд, аз шеъри «Тирамоҳ» интихоб шуда, нукоти зарифе дар он аз фалсафаи нотакрори зиндагӣ, ки иборат аз такрорҳост, дарак медиҳад:
Турнаҳо рафтанду фасли барф меояд…
Ман ҳам акнун рўзу маҳро мешуморам…
Аз миёни пилки чашми аксбардорам Ашкҳои тирамаҳро мефишорам.
Рўзгоре буд, ки модар бо «чашмҳои аксбардор»-и хеш бори охир ба оламу одам менигарист ва ба ҳар шохаи навниҳоли боғ даст мебурд. Фасли барф – зимистон, яъне, интиҳои умри одамист ва тирамоҳ фаслест, ки ҳосил ҷамъ овардаву шумурда мешавад. Аммо барои умри одамӣ ин фасл замони шумурдани гуноҳу савоб, неку бад ва рўзу моҳҳои рафта аст.
Дар маҷмўъ ин банд аз расидани тарамоҳи умр хабар медиҳад ва дигарбора аз ногузир будани гардиши фалак ва фаро расидани навбати ҳар кадоми мо огоҳ мекунад.
Шоир заҳмати шеър гуфтанро ба заҳмати модар, ки дар танўри сўзон нон мепазад, монанд мекунад:
Ҳамчу модар суфра бикшода кунун, Ман хамири шеърро шўридаам.
Лахчаҳои лаҳҷа бо нўги қалам Аз танўри қалби мардум чидаам…
Шеърро шўрида монанди хамир,
Аз танўри оташин нон меканам…
То хушӣ ангезад эъҷози дилам,
Дар алови синаам ҷон меканам.
Воқеан, шеърро ба хамире, ки дар оташи сўзон мепазанд, монанд кардан, тасвири басо ҷолибу хотирмон аст. Танўри оташину алови сина, нон кандану ҷон кандан таркибҳо ва таносубҳои хеле дилангезанд.
Дар «Номаи мўҳрбанд» шеъру ғазалҳои тоза, манзумаҳои «Зуҳури Ҳазрати Инсон», «Наврўзнома», «Соқинома» ва тарҷумаҳои шоир аз ашъори ҳамқаламони русу авар ҷой дода шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо