Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз дар ҳамин солҳо тоҷикон шоҳиди даҳшати бузурги ҷанги бародаркушӣ, қатли мардони бузурги миллат Осимиву Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, сўиқасд ба фарзандони содиқи миллат, хиёнати Маҳмуд шуданд, маҳз дар ҳамин давра интихоби сарвари давлат, ваҳдати миллӣ ва бузургдошти давлатдории Сомониён сурат гирифт. Шоир ба хиёнатгарони ватан нафрати беандозаи худро баён мекунад:
Ватанро беватанҳо бо хиёнат сўхтан хоҳанд, Гирифтори бало гарданд,
Ба нафрин мубтало гарданд,
Охир худ фано гарданд…
Аз паси ин сатрҳо симои инсони бедордилу ҳассосе, ки Ватанро бо тамоми зарроташ дўст медорад ва хостори ҷамолу камоли ҷовидонаи ўст, шоире, ки пеши бузургони Ватан сар ба саҷда фуруд меорад, фозиле, ки аз дирўзи меҳан сабақҳое барои имрўзиён берун мекашад ва пешорўи ватандорони имрўзин мегузорад, падид меояд.
Достони «Абўмаҳмуди Хуҷандӣ» аз сарнавишти нобиғаи бузурги илм, ки ихтирои расадхона ва кашфиёти зиёди нуҷумшиносӣ бо номи ў иртибот доранд, нақл мекунад ва аз ифтихори миллӣ сухан ба миён меорад.
Силсилаи ашъори «Модарнома» ва «Бародарнома» самимитарин ҳиссиёти муаллифро ба пайвандонаш ифшо менамояд ва фарогири муҳаббатнома ва сўгномаҳое барои модару хоҳар ва бародарони дилбанд мебошад. Ҷузъиёти рангини зиндагӣ ба ин ашъор сурати воқеият бахшида, дар мушаххас намудани манзараҳои рўзгор ва чеҳраҳои пайвандони шоир коргар омадааст. Шилмҳои часпаки дарахти зардолу, ки модар чу қоқи қандак бо азоб бо милки бедандони худ мемакад, ҷонамозе, ки рўи он намоз мегузорад, чеҳраҳои нуронии хоҳарон, ки шабеҳи рўи нозанини модаранд, аспҳои хушзоти бародар – нишонаҳое аз зиндагии худи шоир низ ҳастанд. Вожаву таъбирҳои нотакрори шоирона барои муассир ва хотирмон кардани тасвирҳои адиб қўмак кардаанд. Чунончи, вожаи «лабанҷир» чеҳраи модари солмандро пеши назар меорад:

пешина
аз 500
навбатӣ