Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чароғи ишқро бояд фурўзон кард, Чароғи меҳрубониро, ки бераҳмона бишкастанд, Зи нав бояд ба тоқи осмони зиндагӣ овехт.
«Чароғи ишқро бояд фурўзон кард» – аз беҳтарин шеъри ин шоир аст, ки тору пудаш танида аз сафову равшанист. Вожаи «чароғ» аз калимоти калидии ашъори Неъмати Оташ аст, ки тавассути он муаллиф мехоҳад дилҳоро мунаввар кунад. Ба унвони шеърҳои «Чароғи сабзи умед», «Оё чароғ дорӣ», «Бирав, чароғ биёр, эй дўст» ва ғайра ворид шудани ин вожа ҷаҳони отифии гўяндаашро ба хонандагон ошно мекунад:
Чароғи хонаи тавҳидро бояд фурўзон кард Ва дасти меҳрубонеро ба дасти меҳрубони дигаре пайванд бояд дод Зи ҷоми соқии майхонаи тавҳид Шароби меҳр бояд хўрд.
Бадиро даступо баста ба сўи дор бояд бурд, Муҳаббатро бибояд бурду бар тахти сафо биншонд.
Аз нигоҳи мо, сўи ҳам дароз шудани ду дасти меҳрубон хеле дилпазир ва шоирона аст.
Аз назари шоир, даст – ифшогари сиришти инсон ва ҳоли дили ўст, зеро чанд ҷои дигар низ вожаи «даст» ба ҳамин маънӣ коргар шуда: «биё, ки даст диҳем», «дасти ман дасти хиёнат шуд», «нозанино, дастҳоятро ба рўи дастҳои ман гузор».
Чунин ба назар расид, ки дар тасвирсозӣ шоир аз вожаҳои калидии чароғу, қандилу, чилчироғ, хуршеду моҳу ситораҳо ва обу чашмаву дарё ба вофир истифода бурда, фазои андешаҳои хешро равшан кардааст.
Чунончи, бо вожаи «шароб» таобири пурборе сохтааст амсоли: «шароби ноби бовар», «шароби меҳр», «шароби талхи фурқат», «шароби меҳрубонӣ». Вожаи «меҳрубонӣ» низ аз калимоти пуркорбурди ашъори Неъмати Оташ аст: «чароғи меҳрубонӣ», «шароби меҳрубонӣ», «меҳрубон марде ба он ҷазираи танҳоӣ роҳ хоҳад бурд», «ту рафтаӣ, эй меҳрубонтар аз хуршед», «меҳрубониро ба дор кашидаанд», «таронаи меҳрубонӣ», «ташнаи меҳрубонӣ», «эй меҳрубонтарин, оё меоӣ?».
«Борон» низ аз вожахои серистифодаи шеъри ин суханвар аст, ки чун рамзи хотироти гамангез ё пайки Наврўзу баҳор дар тасвирсозӣ хидмат мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо