Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеърҳои «Мусофир», «Бе ту», «Наврўзӣ», «Шаби таваллуди борон» ва ғайра далели ин гуфторанд. Шоир худро мусофири ғамгини шаҳри борон мехонад ва пайдост, ки шаҳри борон ҷои шодиву нишот нест, балки ҷои ёдҳои ҳузнангез аст:
Ман он мусофири гамгини шаҳри боронам, Ки сабзаву гули боғанд ғамгусоронам.
Дар ашъори Неъмати Оташ ҳисомезӣ чун воситаи муҳими тасвирсозӣ хидмат кардааст. Дар таркиби шоиронаи «садои сабзи шукуфтан» се вожаи зоҳиран беробита дар як ришта пайванди зебо ва бехалале пайдо кардаанд. Ҳарчанд ки мантиқан садо наметавонад ранг дошта бошад ва ё бишкуфад, «садои сабзи шукуфтан» манзараи баҳори сабзро бо садои парандагону обшорон пеши назар мунъакис менамояд.
Аммо нуктае низ бояд таъкид гардад, ки Неъмати Оташ бо вуҷуди гироиш ба сабки романтикӣ ва сиришти хушбовари худ ҷаҳонро танҳо бо рангҳои гулобиву нилгун намебинад. Дар ҳар шеър, хоса дар ашъори иҷтимоӣ, ки маҷоз зиёд ба кор рафтааст, ишораҳое ҳаст ба носозгориҳои рўзгори мозиву имрўз.
Калиди равшанӣ гум шуд,
Калидсозе ку?
– мегўяд шоир дар як шеъраш. Дарди замон дар шеърҳои «Чаро хомўшӣ?», «Марде ҳаст», «Баҳори хунин», «Мурғи ҳақ», «Киштишикастагон», «Шаҳри ғуборолуд», «Муҳоҷирони Ватан», «Танҳо ў нест», «Хобам намебарад», «Ту, эй латифтарин нур», «Ганҷи рафта», «Чу фасли дигаре ояд», «Боз хуну боз террор» ва ғайра бо сароҳат эҳсос мешавад.
Дар ашъори Оташ дар баробари қаволаби суннатӣ таҷорубе дар шеъри ҷадид низ ба мушоҳида меояд. Ашъори суннатгарёнаи шоир бештар дар анвои ғазал, чаҳорпора ва як силсила дубайтӣ ба қалам омадаанд, ки аз огоҳии муаллиф аз қавонини шеъри классикӣ далолат мекунанд. Неъмати Оташ дар гуфтани шеъри нав бештар тавфиқ дорад ва дар баёни фикр озодтар аст. Ў бо сароҳат сухан мегўяд ва аз печидагиву муғлақбаёнӣ барҳазар аст. Шеърҳои ў ба мисли ҷўйборҳои шаффофанд, ки ба чашмаи равшани меҳрубонӣ роҳ мебаранд:

пешина
аз 500
навбатӣ