Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ва ин ривоят тасдиқ мекунад, ки бори аввал шеърро Дилором сохт.
Ривояти мазкур дар аввалин тазкираи занон «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ нақл шудааст. Дар ҳамин тазкира исми 31 нафар занони суханвар бо намунаҳои шеъри онҳо зикр мешавад, ки аз ин миён 26 нафар ба форсӣ, 3 нафар ба арабӣ ва 2 нафар ба туркӣ шеър гуфтаанд.
Агар ба таърихи беш аз ҳазорсолаи ададбиёти форсу тоҷик назар андозем, мусаллам мегардад, ки ҳанўз аз асри Х сар карда бонувони сухангў дар пешрафти адабиёт саҳм гирифтаанд ва давра ба давра теъдоди занони суханвар нуфуз пайдо карда, нақши онон дар такомули адабиёт боризтар гардидааст. Чунончи, агар аз қарни Х ном ва ашъори танҳо як нафар шоири зан то ба мо расида бошад, аз қарни ХІ – ду нафар, аз асри ХІІ – чаҳор нафар, аз асрҳои ХІІІ-ХIV – дувоздаҳ нафар; аз асри ХV – нуздаҳ нафар, аз асри ХVI – сию се нафар, аз асри ХVII – бисту нўҳ нафар ва аз асрҳои ХVIII – ХІХ наздик ба 120 нафар дар тазкираҳо зикр ёфта бошанд, дар садаи бистум шумори бонувони соҳибқалам басуръат афзуд ва дар ин давра зиёда аз 100 нафар занони суханвар ба унвони шоир маъруфият пайдо карданд. Чунин як назари шитобзада ба шумори занони суханвар дар дарозои даҳ аср ба хулосае меорад, ки то имрўз қариб 500 нафар занони соҳибзавқ дар пешрафти адабиёт хидмат кардаанд.
Ҳамин тариқ, то асри ХХ исми шоирони зиёде бо намунаҳои ҷолиби ашъорашон ба мо расидааст, ки дар ин бора тазкираҳои «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Тазкират-ул-хавотин»-и Котибӣ, «Аз Робиа то Парвин»-и Кишоварзи Садр, «Машоҳири занони эронӣ ва порсигўй»-и Муҳаммадҳусайни Раҷабӣ, «Занони сухансаро дар пўяи адаби дарӣ»-и Ато, «Занони суханвар»-и Алиакбар Мушири Салимӣ, «Ҳафт шаҳри ишқ»-и Меҳрии Шоҳҳусайнӣ, «Бисту се адиба»-и Тоҷӣ Усмон ва ғайра хабар медиҳанд.
Аз сарчашмаҳо маълум мешавад, ки аввалин зане, ки намунаҳои ҷолиби ашъораш дар ҳудуди ҳамагӣ 55 байт то ба мо расидааст, Робиа бинти Каъб ё худ Робиаи Балхист, ки мувофиқи иттилои сарчашмаҳо ҳамзамони Одам-уш-шуаро Рўдакӣ, шоири давраи Сомониён будааст ва дар ҷавонӣ аз дасти бародари қотил ба марг маҳкум шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо