Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикояте дар бораи ў ва қиссаи ҷонгудози ҳалокаташ дар «Илоҳинома»-и Шайх Аттор ҷой дода шудааст.
Робиа аз аввалин поягузорони ғазал дар шеъри форсӣ будааст. Дар ғазалиёти ў намунаҳои дилпазири абёти ишқӣ, тавсифӣ (васфи табиат) ва ахлоқӣ ба мушоҳида меояд. Чунончи мегўяд:
Фишонд аз савсану гул симу зар бод, Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
…
Ишқи ў боз андар овардам ба банд, Кўшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ, Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд.
…
Қадаҳ гир чандеву дунё магир, Ки бадбахт шуд он ки дунё гирифт.
Аз занони суханваре, ки баъди Робиа зистаанд, Маҳастӣ бо тавоноии табъ ва завқи саршори худ дар адабиёт мақоми шоиста ва сазовор пайдо кардааст. Ў ягона занест, ки ба исмаш тавсифи «ҳакима» ва «дабира»-ро ҳамроҳ мекунанд.
Намунаҳои ашъори асили ў, ки аз манобеи мўътабар ва боэътимод то ба мо расидаанд, дасти қавии ин сухансарои озодандешро дар таълифи чаҳорпораҳои суннатӣ собит мекунанд ва имкон медиҳанд ўро дар радифи беҳтарин шуарои рубоисарои ҷаҳон ҷо бидиҳем. Бо ҳама аҷзу фақр, ки занон аз давраи падаршоҳӣ то имрўз доранд ва қолабҳову қафасҳои асливу маҷозӣ, ки эшонро мунҳасир кардаанд, боз ҳам як-як афроде аз миёни бонувон сару садо баланд намуда, бо фазилатҳои хосаи худ шамъе дар маҳфили аҳли сухан афрўхтаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ