Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Амсоли ин дар пораи дигар:
«Худо раҳматат кунад, ҷоят ҷаннат шавад, ба ҳар ниме хоб бошӣ, дар гўрат ҳуру нур борад» гўяму ў дарро кушода биёяд, чӣ ҷавоб медиҳам?!» руҷўъ ба шахси мурда, таркибҳои «ба ҳар ниме», «чӣ ҷавоб медиҳам», вожаи «гўяму», ки ба лаҳни халқӣ омадаанд, дар паси сатр чеҳраи зани беваву муштипарро, ки бо шаш фарзанд роҳи шавҳарашро содиқона интизор аст, мунъакис менамоянд.
Аз лиҳози фарогирии ҳиссиёт, эҳтироси изтироболуду пурдард номаи Ширмоҳ аз вилояти Хатлон воқеан хеле муассир аст. Ҷумлаҳои кўтоҳ-кўтоҳ ифодагари ҳолати ҳузновари модари фарзандбохта аст: «Як хона пур буд, як хона холӣ шуд.
Ман мондаму чор девор. Хумори баччаҳом гирадам, сутунҳои хонаамро оғўш мекунам...
Ман мегиряму сутунҳо мегирянд, сутунҳо мегирянду ман мегирям.
Сутунҳои хонаам ҳар кадом ном дорад: Ҷамшед, Хуршед, Ҷаҳонгир, Орзу, Олам...».
Дар паси ин сатрҳои кўтоҳ ва такрору бисёрнуқтаҳо як ҷаҳон дарди бедармон ва рози нокушода ниҳон мондааст. Изтироби ноаён, ларзишу нафаси канда-кандаи муаллифи номаро услуби нигориш, тарзи ифода, истифодаи вожаву таркибот, сохти ҷумла, ҷогузории аъзои он, зермаъниҳо, корбурди саноеи бадеӣ таъмин намудаанд.
Агар хотироту номаҳо ва қиссаву нақлҳо баёнгари лаҳазоти фоҷиавии ҷанги бародаркушӣ бошанд, андешаҳои муаллиф – дарди ҷоншикофи як фарди худогоҳи миллат аст. Дар маҷмўъ ин ҳама анвоъ якҷоя бо ашъори нигорандаву дафтари бонуи фирорӣ нигоҳе ба ҷанги шаҳрвандӣ аз дохил аст. Муаллиф бо ин ҳама иктифо накарда, дидгоҳи дигаронро низ ба воқеаҳои даҳшатбори тоҷикон дар поёни қарни ХХ ба маърази таваҷҷўҳ кашидааст. Зоҳиран ошкор нест, ки ин шахсиятҳо бо номи худашон ва ақоиди худашон омадаанд ё худ бофтаи тахайюли нависанда ҳастанд ва ин нукта чандон муҳим наметобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор