Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Тазоди маънӣ низ дар эҷоди сабки шоирона муҳим аст. Чунончи, нависанда мегўяд: «Хотирае, ки дар хомўшияш якумр фиғони тарканда хоҳад дошт». Дар ин ҷумла пайванди ғайримаъмуливу тазодӣ дар таркибҳои «тарканда будани фиғон», «хомўш будани хотира», «фиғон доштани хотираи хомўш» ба зеҳн мерасад.
Миёни қиссаҳову шеърҳо ва андешаҳо дар асар ҷо-ҷо «номаҳо – дилпораҳо» ҷойгузин шудаанд, ки аз лиҳози ҳаҷм ғолибан дар ҳудуди як саҳифа ё андак камтару бештар аз он буда, дар онҳо ҳодисаву воқеа ё аҳволи нафаре бидуни тафсилоту пургўӣ иншо мешавад. Дар поёни номаҳо имзо ва маҳалли иншои онҳо зикр шудааст, аммо ба номи кӣ ва ба куҷо фиристода шуданашон маълум нест. Гоҳе «ман»-и муаллиф дар воқеаву ҳодисоти мавриди нақл ҳузур надорад. Чунончи, дар номаи С. Ҳасанова аз Қаротегин сухан дар бораи тирборон кардани мардуми қишлоқ тавассути ҳавопаймо меравад ва нома бо авҷи олии фоҷиа ба поён мерасад: «Як тифлаки бечораро, ки ба домони модари шоҳидаш даҳпанҷа часпида буд, базўр аз ҷисми мисли ях сард канданд. Тифлаки берўзӣ забон набароварда гунг шуда буд» (2, 38).
Дар номаи Ёсуман низ нақл аз номи шахси севум аст.
Ин шахси севум гўиё як нафарест, ки аз раванди воқеа огаҳӣ дорад. Ў бохабар аст, ки нисфи шаб қотилон дари оилаи ҷавонро кўфта мардро ба ҳалокат расониданд ва ҳини тирборон арўс низ аз ангуштони пурҳунараш маҳрум шуд. Ў ҳамчунин аз гуфтугўи арўсу хушдоман ва афсўсу надомати онҳо низ огоҳ аст. Дар ин навъ номаҳо вежагии ин жанр ба мушоҳида намерасад. Ифшои роз, самимияти баён, гуфтор аз номи шахси аввал, ки махсусияти жанри нома аст, дар чанд пораи дигар қобили таваҷҷўҳ аст. Чунончи, дар номаи З. Одинаева аз шаҳри Душанбе як навъ услуби розгўии самимӣ, баъзе нишонаҳои гуфтори шифоҳӣ, саволу хитобҳо, пурсишҳои риторикии бепосух, оҳанги боварибахши сухан ба мушоҳида меояд. Масалан, дар ин нома чунин омадааст: «Гушна буд. Ҳар бор, ки барои шаш ятими худ дастурхон мекушоям, ғулуқи ғам чунон роҳи нафасамро меҷафад, ки ҷонам пар-пар мекунад». Ин ҷо вожаи «гушна» ба ҷои «гурусна» ва ибораи «ҷонам пар-пар мекунад» ба маънии «сахт ошуфтаҳол шудан» ба матни нома вежагиҳои хоса бахшидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор