Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Муҳим он аст, ки дидгоҳҳо мухталифанд: яке аз бузургии ин халқ дар шигифт аст, дигареро таъриху тамаддуни олӣ ва илму фарҳанги оламгир тасхир кардааст, севумӣ ба ақлу хираду дурандешии тоҷикон, ки ба сулҳ бояд бирасонад, эътимод дорад. Падари рўҳонӣ кулли «шўрангезон, оташдиҳандагон, тарҳрезандагон, тамошогарон, кафкўбон ва бетарафони ин ҷанги бародаркуширо» гунаҳкор меҳисобад.
Гуноҳи онҳо... дар рўзи арафот одилона хоҳад буд», – менависад муаллиф (2, 133). Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки вожаи «гуноҳ» дар ҷумлаи фавқ мебоист бо калимоте амсоли «ҷазо», «подош» ё «сазо» ё муродифоти дигар иваз мешуд. Бархе аз ваҳшату бераҳмии тоҷикон дар тааҷҷубанд, бархе аз раҳгумзадагии ин миллат афсўс мехўранд ва бархи дигар аз номувофиқатии муносибати тоҷикон ба ҳаммиллатони бузург дар ҳайратанд. Чунончи, ҷомеашинос Р. Максвелл мегўяд: «Тоҷикон азиз доштани азизони худро ҳанўз наомўхтаанд. Равшанфикрони худро дўст намедоранд, эҳтиром намекунанд. Ифтихори миллии ин мардум аз сатҳи бузургонашон хеле поён қарор дорад, ки воқеан боиси ҳайрату таассуф аст» (2, 52).
Ниҳоят, чанд сухан дар бораи панҷ хотирае, ки дар фарҷоми нақлҳо таҳти унвони «Аз муаллиф» мулҳақ шудаанд.
Ин замимаҳо баёнгари эҳсосоти муаллиф аз воқеаву ҳодисоти гўшношуниди давраи ҷанг ҳастанд.
Мулҳақоти аввал баъд аз нақли Нурулло ном қумандоне омадааст, ки тибқи фармони ў садҳо нафар ҷавонон ба шаҳодат расидаанд. Дами вопасини онҳо, нигоҳҳои маҳкумкунандаву пурсуоли ҷавонони ошиқ ҳини марг, «нолиши ҷонгудози ҷонкании ин наврасони ташнаи зиндагӣ, ин қурбониёни беминнату арзони бозиҳои касифи сиёсат», ба сад забон модаронро ба кўмак даъват кардани маҷрўҳон» зиндагии ин марди сангардидаро ба марги тадриҷӣ табдил дода буд. Нигоранда аҳволи ин марди гирёнро аз дидгоҳи худ тафсир мекунад ва гуфтори хешро бо чанд байте муассир хотима мебахшад:
Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд, Мардҳо мегирянд!
Мардҳо мегирянд! (2, 37).
Дар замимаи дигар таҳайюр ва эҳтироми беканори муаллиф дар назди бузургии пиразане, ки се шоҳписари худро дар ин ҷанги хонумонсўз аз даст дода, аз азияти бузурги рўҳ ҷисмаш ба пўсту устухон табдил ёфта ва чашмонаш аз шўрии ашк ба олучаҳои сиёҳи хушкида монанд шуда, аммо ҳанўз ҳам меҳрубониву бахшандагиро дар вуҷуди худ ҳифз намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор