Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз мусоҳибаи муаллиф бо ин пиразан бузургии рўҳи Модар аён мегардад:
Ў мегўяд: – «Хайрият мухолифон якдигарро бахшиданд.
Хунро бо хун шуста намешавад. Кори хуб карданд, ки якдигарро бахшиданд.
– Шумо чӣ? Шумо ҳам қотилони се писари худро бахшидед?
– Касе аз ман узр напурсидааст! – гуфт модар гунаҳкорона ба замин нигариста (2, 97).
Дар кулли замимаҳо ва, дар маҷмўъ, дар лобалои асар мушоҳида мешавад, ки ҳар пораи он сурудест дар ситоиши зан, созандагӣ, офарандагӣ ва бахшандагии ў аз як тараф ва сўзандагӣ, кушандагӣ ва даҳшатбории ҷанг, аз сўи дигар.
Ҳамин тариқ, «Зан ва ҷанг» асари бесобиқаест марбут ба мавзўи ҷанг, ки ҷилваҳои тозаи ҳунари Гулрухсорро падид овардааст. Омезиши жанрҳо ва адами сужети ягона дар асар ба муаллиф имкон додааст, ки маконҳои мухталифро дар фазои як асар ба ҳам пайванд диҳад, назаргоҳҳои гуногунро перомуни ҷанги шаҳрвандии кишвари мо чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи аз хориҷи он аз дидгоҳи худ бисанҷад ва фоҷиаи ҳазорҳо нафар занонро, ки ҷанг дар сарнавишташон роҳ ёфта буд, чун намунаи зишти ваҳшонияти бемисл пешорўи хонандагон боз намояд.

Пайнавишт:

  1. Гулрухсор. Занони Сабзбаҳор.–Душанбе: Адиб, 1990.
  2. Гулрухсор. Зан ва ҷанг.–Душанбе: Деваштич, 2003.
  3. Гулрухсор. Рўзномаи берўз.–Москва, 2000.
  4. Сайфуллоев А. Соле, ки накўст, аз баҳораш пайдост // Садои Шарқ.–1990.–№7.
  5. Саъдуллоев А. Пирўзӣ бар марг // Садои Шарқ.–2004.–№7-9.
    Соли 2007
пешина
аз 500
навбатӣ