Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

РОЗҲОИ ЛОЛАИ ХУДРУСТА
(Ё чанд нукта перомуни ашъори Зулфия Атоӣ)

Агар шеърро ба ҳайси розномаи инсони соҳибқалам тавассути калимоти мавзун шинохта бошем, ашъори Зулфия, ба қавли худаш, мисоли розҳои лолаи худруста аст, ки замоне дар деҳаи сабзманзари Ғончӣ лаб ба сухан боз карда ва имрўз дар вусъатободи сухан қудрати табъ меозмояд:
Лолаи худруста ҳастам пой дар гил мондаям, Лолаи худрустаро имдод кун, мавлои ман.
Аз нахустин маҷмўа «Ҷиҳоз» (1977) то китобҳои ашъори «Дидор» (1986), «Духтари дарё» (1986), «Меваи сабр» (1988), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи Муштарӣ» (1998), «Зан агар ошиқ шавад» (2001) Зулфия шебу фарози шеърро бо тамоми ранҷу риёзати шоққа паймуда, раҳоварди сафари маънавии хешро дар ду ҷилд китоб зери унвони «Зулфи парешон» (Душанбе, 2002) барои хонандагон пешкаш кардааст. Он ҷиҳозе, ки дар даврони тозаҷавонӣ шоира аз нахустин дастовардҳои тафаккури худ мураттаб намуда буд, дар ин кутуб бо анвои нав ғанитар гаштааст.
Муҳимтарин вежагие, ки ашъори Зулфияро аз навиштаҳои ҳамқаламон мутамоиз менамояд, таваҷҷўҳи махсус ба масоили марбут ба зан, ҷаҳони розу ниёзҳои ў, олами маънавӣ, садрангии эҳсос ва идроки ўст. Натиҷаи ковишҳои бадеии шоира дар ин самт образҳои тозаи хоси килку тафаккури бонувонро ба бор овард ва, бад-ин васила, як силсила тимсолҳои нави ифодагари ҷаҳони андешаҳои занон дар шеъри замон ҷой ёфтанд.
Замоне дар ашъори ошиқона новобаста ба он ки муаллиф ва мухотаби шеър зан аст ё мард, сухан аз рўи чун моҳу лаъли ёқут, қомати сарву мўи мушкин ва амсоли ин мерафт, ки намунаи чунин шеърҳоро дар чакидаҳои Робиаву Маҳастӣ, Меҳриву Тоҳира Зебуннисову Оиша ва дигарон зиёд дидаем. Дар миёнаҳои қарни ХХ бо ибтикори Фурўғи Фаррухзод ифшои розҳои ботинии зан нерў гирифт, ҳарчанд ки ин сухангустари навовар, ба қавли худаш, ҳаргиз ба ҷинсият зиёд наандешидааст ва ҳарчи перомуни масоили мазкур аз қалами ў падид омадааст, табиӣ ва нохудогоҳона аст.

пешина
аз 500
навбатӣ