Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Занони суханвари дигар, ки аз ин ибтикор истиқбол намуданд, ҳар кадом ба қадри гирифтории хеш ин мавзўъро матраҳ намуданд, то пушти сари шеърҳо сурати худашонро бо тасаввуре аз ҳаёти ҳамҷинсон ва нозу розу сўзу гудози эшон ба силки назм кашанд.
Зулфия Атоӣ дар ин радиф аз пешоҳангон аст, ҳам ба ҳайси як духтари рустоизодае, ки шоҳиди ранҷу заҳмати беҳудуди занони деҳот будааст, ҳам ба сифати як фарди соҳибқалам ва ҳам чун сардабири маҷаллаҳои бонувон «Фирўза» ва «Гуфтугў», ки рисолати хешро дар инъикоси ростини ҳаёти занони ҷумҳурӣ, фаъолият, сатҳи зиндагӣ, дифои ҳуқуқҳои эшон, оилаву оиладорӣ, тарбияи атфол, масоили гендерӣ дарёфта ва дарунмояи ашъори худро аз ин матолиб фароҳам овардааст.
Дар яке аз сўҳбатҳояш барои рўзномаи «Садои мардум»
(8 октябри соли 1994), Зулфия роҷеъ ба ин мавзўъ гуфтааст:
«Аз шиносоӣ бо таърихи ашъори занон ва, умуман, ҳаёти зани тоҷик дарк намудам, ки олами зан, як олами пур аз розу афсуну муаммоҳо бо ҳама печидагиҳояш ниҳон аз назарҳо монда.
Олами зани тоҷик як ҷазираи асрорангез ва ё ситораи дастнорасеро монад, ки интизори кашшоф аст. Дунёи зан бинои чилҳуҷраеро монад, ки танҳо ду-се ҳуҷраи он боз шудаасту бас. Ку калиди ҳуҷраҳои дигар? Ба он мекўшам, ки шеърҳоям таҷассумгари дунёи зан гардад. Ҳар қадар занро амиқтар омўхтам, мураккабии олами ўро бештар дарк кардам».
Дар пайи ҳамин ҳадаф шоира хеле талош варзида, як силсила муҳокоти бадеӣ офаридааст, ки ифшогари олами маънавии қаҳрамони ғиноӣ гаштаанд. Ў хешро гоҳ «Шаҳрзоди қиссагў» меномаду гоҳ «хонарўби дегшў», гоҳ розҷўву нозукадо, гоҳ девонатабъу бесадо, гоҳе шаҳи афсонаву гаҳ канизи хона, гоҳе мушки хутану гоҳе атри арзон, гоҳе лолаи саҳрову гоҳе лайлотар аз лайло, гоҳе сарви пойбаставу, гоҳе лолаи худруста, гоҳ зулфи парешону гоҳ мурғи ғазалхон, гоҳ тори беовозу гаҳ достонзани девона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор