Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мухотаби шоира дар кулли ашъори ишқӣ ва бархе аз ашъори иҷтимоии ў ҷинси мухолиф аст. Дар сифоти ин ҷинс Зулфия беҳтарин тавсифҳо ба мисли: «шаҳсувор», «мавло», «мард», «шоҳ», «султон», «оташ», «тўфон», «балоафкан», «балогардон», «шаҳбози болафшон», «сафири мулки сангистон»-ро ба кор бурдааст. Аммо самимият ва тағайюри ҳолот, табодули авзои равонии нигорандаро метавон аз тобишҳои маънавии вожаву таркибҳои мавриди истифодаи ў пайдо кард. Чунончи, дар баъзе маворид шоира мухотаби худро дар арш менишонад ва дар мавориди дигар аз бевафоиву хиёнат, лофу газоф, суханбозиву тўҳматсозиҳои ин ҷинс сухан мегўяд.
Дарунмояи ашъори ба занҳо бахшидаи Зулфия аз мавзўъҳои зерин фароҳам омадаанд:
- модарнома; 2) ҳаёти вазнини зан ва сабру тоқати ў; 3) нобаробарии гендерӣ; 4) олами ботинӣ ва зоҳирии зан; 5) ашъори тарҷумаиҳолӣ; 6) ишқияҳо Дар бархе аз шеърҳои ҳасратомезу дардолуди шоира тавассути кинояву таъриз ва тазоду муқобала тасвирҳои ҷолибе рўи кор омадаанд. Чунончи, дар шеъри «Ман зан астам ё самандам?» шоира таркибҳои обшустаи «зани хушбахти айём», «мардона кор кардан», «бешикасту ҷавон мондан», «оҳанину пуртавон будан», «ба сўи фардои пур аз нур шитофтан»-ро махсус барои истеҳзо мавриди истифода қарор додааст, то ки ҳаёти воқеии занро ба қалам орад:
Дар ду дастам бори вазнин,
Хастаҷон аз кори вазнин,
Меравам мардона аз раҳ
Дар сарам афкори вазнин.
Сархаму андешамандам
Ман зан астам ё самандам?
Замоне аз пириву маризӣ ва нотавонии зани шўравӣ ҳарф задан аз мавзўоти мамнўъ маҳсуб меёфт. Шояд устод Лоиқ аввалин шоире буд, ки ҳанўз дар давраи шўравӣ ба ин қолаб рахна зад ва аз заҳмату ранҷи бешумори зани тоҷик дар заминҳои пахтазору тамокузор сухан ба миён овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор