Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъдан мавзўи мазкур дар ашъори шуарои муосир хеле истиқбол ёфт ва дар ин радиф сурудаҳои Зулфия ҷойгоҳи шоистае пайдо карданд. Зиндагии зоҳирфиреби зани тоҷикро шоира дар шеъри «Зане дар рўзгорон» бо камоли воқеъбинӣ ва борикназарӣ ба тасвир овардааст:
Боз аз бахти баланди хеш
Ҳар куҷо афсона мегўям.
Бар дурўғам мекунам бовар,
Гўиё яктою хушрўям.
Дар як силсила шеърҳо шоир аз сабру тоқати беҳудуди зани тоҷик ҳарф задааст. Ў бо ҳасрату надомат меандешад, ки занро ба мисли худои Ҳинд шаш даст боястӣ, то ҳамаи корҳои хешро дар вақташ ба сомон оварад. Аз нигоҳи шоира субҳгоҳон дар назди оина худро ороиш додани занҳо маънии дигар мегирад. Занон, ба қавли ў, ба мисли рассоме ҳастанд, ки ҳар саҳар тарҳи чеҳраи худро ба тарзи нав мекашанд, то ҳузну андўҳ ва хастагии рўзгорро тавассути холу хат барҳам бизананд.
Нобаробарии ҳуқуқ ва имтиёзоти ҷинсҳо шоирро ба шўр овардааст:
Мард агар ошиқ шавад, аз ишқ гирад обрў, Зан агар ошиқ шавад, дар айб меафтад фурў.
Мард агар ошиқ шавад, дунё ҳамегардад биҳишт, Зан агар ошиқ шавад, тобад чу деви бадсиришт...
Ин маъниро ў дар шеъри «Зане бархоста» низ ба шеваи дигар ба таҳқиқ мегирад.
Ҳама пайғамбарон парвардаи домони ту буданд, Бо хоки пои зан – модар
Кунад таъзим пайғамбар!
Шеърҳои «Баҳори духтарон», «Сиришки зан», «Суруди духтар», «Хоҳарон», «Мо фаришта нестем», «Хитоби Гулузор», «Духтари тоҷик», «Бахти духтар», «Вафои зан», «Дарё ва зан», «Ба духтари меҳнат», «Чашми модар», «Ту бузургӣ, модарам», «Ишқи занона», «Биҳишти мард, дўзахи зан», «Чист зебоӣ?», «Зане дар рўзгорон», «Аз ҷинси худ» ва ғайра баёнгари зиндагии занон ва тобишҳои садранги аҳволу кайфияти равонии онон аст.

пешина
аз 500
навбатӣ