Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гирифторӣ ба масоили ҷинсиро худи Зулфия низ эътироф мекунад:
Сарфарозам ҳар куҷо аз ҷинси худ, Дар замину дар само аз ҷинси худ...
Боз илҳомам агар бахшад мадад, Боз гўям шеърҳо аз ҷинси худ.
Ба гурўҳи шеърҳое, ки дар иртибот ба ҷинси зан ба қалам омаданд, метавон ашъореро низ ворид кард, ки хусусияти тарҷумаҳолӣ дорад. Шеърҳо дар бораи модару бибӣ, падару шавҳар, фарзандон, сўгномаҳо бар марги Парвин – духтари ғўрамарги шоира ва ишқияҳои муаллиф ҷаҳони орзуву омол, розу ниёз ва дарду аламҳои ўро хеле самимона боз мекунанд.
Шеъри «Гаҳвораи холӣ» намунаи волои ифшои ҳасрати модари мотамзада аст, ки дасти тақдир фарзандашро рабуда:
Гулхандаат дар ёд монд,
Дил пурғаму ношод монд.
Ту рафтӣ бар коми лаҳад.
Дар коми ман фарёд монд.
Парвини ман, Парвини ман,
Эй духтари ширини ман.
Дар ин марсия баҳри раҷаз бо такрори рукни «мустафъилун» оҳанги навҳаи модари зорро хеле муассир ба садо оварда, дар гўшҳои ҷони мо тори ғам менавозад.
Зулфия Атоӣ дар силки шуароест, ки зиндагонии шахсии худро бо ҳаёти ҷомеа пайваста, ба ҳайси як фарди худогоҳи соҳибқалам перомуни масоили иҷтимоиву сиёсӣ, худогоҳии милливу хештаншиносӣ, маҳалбозиву гурўҳсозӣ андеша меронад. Шеърҳои «Дар оромгоҳи Аллома Иқбол», «Чакомаи бедорӣ», «Халқи ман, бедор шав», «Шароби маънавӣ», «Оли Сомон, Оли тоҷик», «Ману дарди Тоҷикистон», «Гилае аз Ҳофиз», «Шимолӣ» ва ғайра ҳосили тафаккури шоираро дар сари мабоҳиси фавқуззикр дар қолаби авзони арўз ва шеъри нав пешкаш кардаанд. Дар ин радиф аз шеъри «Дар оромгоҳи

пешина
аз 500
навбатӣ