Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аллома Иқбол» махсусан месазад ёд орем, зеро дар он шоира муваффақ шудааст, ки аз забони Донои Роз ба кулли суолҳои дардангези худ посух бигўяд:
Дарди халқат – дарди ноҷои маҳал, Аз маҳалбозон диёрат пурмағал...
Дарди миллат аз «туву ман» омада, Ин вабо аз дасти душман омада.
Ҳар куҷо дарди маҳал шуд дар хурўҷ, Он макон монд аз камолот, аз уруҷ.
Муҳоҷирати мардони Ватан, ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳидони бешумори ин ҷанги нанговар, аҳволи модарони гиребончоку ҷигархун, тифлакони гурусна, ғами Бухорову Самарқанди аз даст рафта, дарди маҳалгароиву нашъамандӣ аз масоилест, ки ҳар лаҳза ба дили шоир фишор меорад. Агар дар бархе аз шеърҳо эҳсоси яъсу ноумедӣ тарҷеҳ дошта бошад, дар бархи дигар даъват ба ҳамзамонон, орзуву омоли нигоранда ифода ёфтаанд. Лобалои ашъори ин китоб саршор аз оҳанги даъват ба омоли нек ва тарғиби арзишҳои асили инсонӣ аст:
Кош з-ин пас меҳр арзонтар шавад, Қарни ишқу меҳрубонӣ сар шавад.
Мусаллам аст, ки ҳар фарди суханвар, хоса дар кишваре, ки мардумаш қаблан таъми беҳтарин ва волотарин суханро чашидаанд, бо изтироб аз мақоми ҳунарии худ меандешад ва барои ашъори худ мехоҳад ҷойгоҳе дошта бошад. Бад-ин ваҷҳ аст, ки дар навиштаҳои кулли шоирон андеша роҷеъ ба шеър ва мақоми шоир, дарки рисолати ў ва маърифати ин падидаи беназири олами рўҳонӣ ногузир роҳ меёбад. Дар китоби Зулфия Атоӣ низ шеърҳои «Шоир», «Ҳафтранг», «Мурғи оташхор», «Гаҳвораи шеър», «Шеъри нав», «Бўи дил», «Шеъри ногуфта», «Фарзанди шоира», «Гуфтугў бо парии илҳом», «Нони шоир» ва «Сухан андар гулў дармонд» ва ғайра метавонанд далели боҳири матлаби арзёфта бошанд. Дар ин силсилаи шеърҳо нигоранда аз рисолати фарди соҳибсухану эъҷозофарин, ки иқтидори шустани занги ақлу дилро дорад, ёд мекунад.
Ба фикри ў:

пешина
аз 500
навбатӣ