Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мисли оби поксози рўди Ганг, Шеъри воло пок созад ҷону тан.
Мезудояд занги ақлу занги дил Хокиёнро мебарад боло сухан.
Зулфия мўътақид аст, ки танҳо шоири бедордилу навҷў метавонад ба зиндагии хеш мўҳри бақо занад. Шоирони тақлидгарро ў «тўтишоирон» меномад ва аз он ки шоири соҳибсухан беэътибор шудаву даври шоирҳои беашъор фаро расидааст, дар дил ҳасрат дорад. Ба андешаи ў:
Гуҳар бояд зи хармўҳра ҷудо бошад, Ҳунарманде набояд мубтало бошад.
Дар ҷилди дувуми маҷмўаи «Зулфи парешон» қиссаву ҳикояҳо, таронаҳо, ёднома ва хотироти сафари муаллиф гирд омадаанд. Дар ин ҷилд маҳорати нигоранда дар иншои осори мансури бадеӣ, имконоти вуруди ў ба ниҳонхонаи дили персонажҳо, тасвирҳои нозуки психологӣ ба зуҳур омадааст.
Сафарномаву ёддоштҳои муаллиф шахсияти ўро ба унвони як бонуи ҷаҳондидаву таҷрибаандўхта муаррифӣ мекунанд.
Қисмати зиёди ин ҷилд боз ҳам фарогири масоили иҷтимоиву ҳуқуқии занон, тақдиру сарнавишти бонувони тоҷик, проблемаҳои баҳсталаби замон дар иртибот бо ин ҷинс, рўзгори занони соҳибфазлу ҳунарманд аст, ки садоқати нигорандаро ба мавзўи асосии эҷодиёташ дигарбора собит менамояд.
Чунин садоқат ба сухан, талош баҳри ҳарфу ҳиҷои нав ва тасовири тоза, набард бо қалам дар дифои ҳамҷинсон, бешак, сазовори қадршиносист.
Пайнавишт:
- Зулфия Атоӣ. Ҷиҳоз.–Душанбе, 1977.
- Зулфия Атоӣ. Дидор.–Душанбе, 1986.
- ЗулфяАтоӣ. Духтари дарё.–Душанбе, 1986.
- Зулфия Атоӣ. Меваи сабр.–Душанбе, 1988.
- Зулфия Атоӣ. Ишқи як зан.–Душанбе, 1992.
- Зулфия Атоӣ. Ситораи Муштарӣ.–Душанбе, 1998.
- Зулфия Атоӣ. Зан агар ошиқ шавад.–Душанбе, 2001.
- Зулфия Атоӣ. Зулфи парешон. Дар ду ҷилд.–Душанбе, 2002.
Соли 2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор