Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ШАРҲИ ДУ ШЕЪРИ ФАРЗОНА
Борҳо шунидаем, ки хонандагон шеърро барои ом ва хос ҷудо мекунанд ва дар шарҳу идроки ашъори баъзе шоирон як навъ мушкилотеро эҳсос менамоянд. Шояд ба ҳамин далел шеъри сабки ҳиндӣ писанди ҳамагон нест, зеро барои мағзи онро чашидан ранҷ бояд кашид. Яке аз бузургтарин намояндагони сабки ироқӣ Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ғазали худ таркиби «қанди баста»-ро ба кор бурда буд, ки барои ҳаловат бурдан аз он қанд зарурати раҳо кардан аз он бастаро пеш меомад.
Дар миёни хонандагони имрўз низ гоҳе сару садоҳое баланд мешаванд, ки шеъри баъзе шоирон, аз ҷумла Фарзона барояшон чандон фаҳмо нест. Ба назари мо, ба умқи андешаи шоир дар чанд шеър сар фурў бурдан кофист, ки ба ҷавҳари маъниҳои ў ва ба ҷаҳони ботинии ў роҳ ёбӣ ва ашъори дигарро ба осонӣ дарк намоӣ. Ба ин хотир, ба ду шеъри аз лиҳози ҳаҷм хеле хурди шоир рў меорем ва саъй мекунем, ки розҳои нуҳуфтаи ўро дарёбем.
Рози лоҳут
Гул барои шабнам
Нимашаб гоҳвора асту субҳ тобут аст.
Пой бар хок намемонаду бармегардад, Шабнам аз олами поки малакут аст.
Андар ин куфркада шабнамаки нинимарг Чӣ қадар фурсати будан дорад, Баски шаб тифлу субҳ фартут аст.
Инчунин омадану рафтани омўзанда Рози лоҳут аст.
Лоҳут дар фарҳанг маънии «худоӣ», «илоҳӣ»-ро дорад.
Шоир дар ин шеър тавассути тасвири зиндагии шабнам рози илоҳиро барои хонандагон ифшо мекунад.
Гул барои шабнам
Нимашаб гоҳвора асту субҳ тобут аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор