Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шабнам қатраҳои обест, ки вақти дамидани субҳ дар рўи сабзаву гулҳо мебинем. Аммо ин қатраҳо нимашаб рўи сабзаву гул мефароянд ва гул гўё гаҳвораи ноз аст, ки шабнами кўчакро дар бағали худ ҷо медиҳад ва то субҳ, то замони дамидани офтоб бонӣ мекунад, зеро нури офтоб онро аз рўи гул меҷабад ва гул ин дам охирин маъвои шабнам – тобути он аст.
Пой бар хок намемонаду бармегардад, Шабнам аз олами поки малакут аст.
Албатта, аз назари ҳодисоти табиӣ шабнам на танҳо ба рўи гул, балки ба тамоми замин мерезад, вале чун хок онро меҷабад, зуд аз чашми инсон нопадид мешавад. Бинобар ин, шабнам аз назари шоир аз олами поки малакут аст, мисли фариштаест, ки ба олами касифи хокиён пой намегузорад ва аз рўи гулбаргҳои нозанин ба само, ба он олами малакутии худ бармегардад.
Андар ин куфркада шабнамаки нинимарг Чӣ қадар фурсати будан дорад, Баски шаб тифлу субҳ фартут аст.
Шоир олами дунявиро «куфркада» меномад, зеро дар рўи замин чӣ қадар гунаҳҳо содир мешаванд ва чӣ қадар заминиён гуноҳолудаву гунаҳкоранд. Аммо фурсати зиндагии шабнам дар замин басо кўтоҳ – аз нисфи шаб то субҳ аст, зеро дар ҳамин чанд соат шабнам аз тифлӣ то пирӣ мерасад ва фано мешавад.
Инчунин омадану рафтани омўзанда Рози лоҳут аст.
Омадану рафтани кўтоҳи шабнам, ба назари шоир, хеле омўзанда, мисли рози лоҳут аст. «Рози лоҳут» – рози илоҳист, ки дар он асрори омадану рафтан ниҳон аст. Омадану рафтани шабнам, ки ба гуноҳ наолуда, мисли тифлаки бегуноҳ ва он ҳам бо роҳи нур ба олами боло уруҷ мекунад – намунаи олии пок зистан ва аз ифлосиву гуноҳ дурӣ ҷустан аст.
Ин шеър дар шакли нимоӣ гуфта шуда, аз чаҳор банди кўтоҳ таркиб ёфта, тавассути калимоти меҳварӣ ва ҳамқофияи «тобут», «малакут», «фартут» ва «лоҳут», ки дар бозгўии матлаби шоир хидмат мекунанд, рўи кор омадааст.

пешина
аз 500
навбатӣ