Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун нои бенавоям аз ин Нои бенаво,
Шодӣ надид ҳеҷ кас аз нои бенаво.
Ё ки:
Нолам ба дил чу ной ман андар ҳисори Ной,
Пастӣ гирифт ҳиммати ман з-ин баландҷой.
Сабки озарбойҷонӣ. Чунонки таъкид шуд, сабки хуросонӣ дар поёни қарни ХІ ва дар қарни ХІІ ба се шева тағйир пазируфт: сабки байнобайн, сабки озарбойҷонӣ ва шеваи ирфонӣ. Шуарои ин давра ба сабки хуросонӣ тағйироти ҷиддӣ ворид кардаанд, аммо дар сабки ироқӣ ҳанўз навоғоз буданд.
Сабки озарбойҷонӣ ном гирифтани тарзи баёни як идда ашъори шоирони асри ХІІ ба муҳити ҷуғрофӣ ва фарҳангиву адабии муштарак, ки онҳоро муттаҳид карда буд, иртибот дорад.
Саромади ин ҳавзаи адабӣ Абулаълои Ганҷавӣ ва давомдиҳандагони кори ў Муҷириддини Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ, Хоқонӣ, Низомӣ ва дигарон мебошанд. Ин шуаро дар сатҳи забон ҳанўз хусусиятҳои сабки хуросониро нигоҳ дошта, вале дар мўҳтавову фикр ва сатҳи адабӣ аз он хеле дур рафта буданд. Сабки шоирони ин ҳавзаи адабӣ аз сабки байнобайн низ хеле тафовут дошт. Ба ин маънӣ Хоқонӣ гуфта буд, ки Масъуди Саъд «Бар тарзи Унсурӣ равад» ва дар бораи сабки худ дар қиёс бо сабки Унсурӣ ишора намуда буд:
Маро шеваи хосу тоза-сту дошт
Ҳамон шеваи бостон Унсурӣ.
Вежагиҳои фикрӣ:
а) ишора ба улуми мухталиф, аз ҷумла тиб, нуҷум, ҷонваршиносӣ; б) ишора ба фолклор, талмеҳот, аз ҷумла расму оини масеҳӣ; в) майли шоирон ба фахрия: ифтихор аз худ ва ҳаҷви дигарон; г) таваҷҷўҳ ба ирфони шаръӣ; д) эронпарастӣ ва ифтихор аз таърихи бузурги Эрон; е) ниёзи шеъри ин мактаб ба шарҳу тафсир; Вежагиҳои адабӣ:

  1. фаровонии санъатҳои лафзӣ, хусусан ҷинос; 2) истифодаи зиёди санъатҳои маънавии илҳом, ташбеҳ, истиора; 3) радифҳои мушкил ва сертаркиб.
пешина
аз 500
навбатӣ