Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоирони номвар ва соҳибсабки ин давра. Абулаълои Ганҷавӣ. Аз ў ашъори зиёд боқӣ намондааст, вале чун раиси шоирони ҳавзаи адабии Озарбойҷон буд ва устоди Хоқониву Фалакии Шарвонӣ ва саромади сабки озарбойҷонӣ, ногузир аз ў бояд ёд кард. Дар шеъри ў ҳамаи вежагиҳои номбаршудаи фикрӣ ва адабӣ, аз он ҷумла ишора ба улуми мухталиф, фахрия ва шиква аз беқадрии худ, афзунии саноеи лафзӣ ва маънавӣ ба мушоҳида мерасад. Чунонки дар қасидае гўяд:
Замирам абру сухан гавҳар асту дил дарё, Забон мунодии ин гавҳару зи мо на баҳо.
Ба чун мане, ки зи ақрони худ сабақ бурдам, Гар аҳли Ганҷа тафохур кунанд, ҳаст сазо.
Суханварон ба ман, ар иқтидо кунанд, сазад.
Аз он қабал, ки манам қудваи ҳама шуаро.
Бинозад аз нукатам ақли Бўалӣ Даққоқ, Биболад аз суханам ҷони Бўалӣ Сино.
Чу шуд равони Имодӣ, ба ман гузашт шараф, Чу рафт ҷони Саноӣ, ба ман бимонд сано…
Хоқонии Шарвонӣ. Аз бузургтарин шоирони ҳавзаи Озарбойҷон аст ва сабки махсус дорад. Девони ў иборат аз қасоиду муқаттаот, тарҷеот, ғазалҳо, рубоиёт ва маснавии «Тўҳфат-ул-ироқайн» аст ва аз миёни ин анвоъ дар қасида дасти қавитар дорад. Ў халлоқи маонии тоза ва аввалин касест, ки роҳҳои махсуси истифодаи тавсифу ташбеҳро кашф намудааст. Сабки Хоқонӣ мушкилфаҳм аст ва сабаби он на танҳо истифодаи истилоҳоти илмиву маонии дур аз зеҳн, борикандешиву ихтирои таркиботи тоза, балки дар тарзи талфиқи ин ҳама хусусиёт, инчунин гоҳе адами пайванд дар мисраъҳо мебошад.
Муҳимтарин вежагии сабки Хоқонӣ дар тасвирсозӣ аст.
Тасвирҳои ў аз оташ, субҳ, баҳор, офтоб, боз ва ғайра намоёнгари ҳунари камназири ў дар ин замина аст. Ба қавли Сируси Шамисо, танҳо барои тасвири хуршед ҳудуди шаст истиора дорад (22, с. 152).

пешина
аз 500
навбатӣ