Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вежагии қобили таваҷҷўҳи тадқиқоти профессор Атахон Сайфуллоев дар он ифода ёфтааст, ки ҳатто дар сурати ошно набудан бо мундариҷаву мўҳтавои асар хонанда метавонад муфассал бо хати сужети асар, образҳои асосӣ, масоили мавриди назари нависанда, забон ва тарзи нигориши адиб маълумот пайдо кунад ва дар канори хулосаҳои муҳаққиқ худаш низ бардоштҳои инфиродӣ дошта бошад. Ин хусусияти таълифоти муҳаққиқ, ки дар назари баъзеҳо пургўӣ метобад, барои хонандаи имрўз судманд аст, зеро шумораи ками чоп ва бехабарӣ аз асар тавассути ин навъи таҳқиқ барои дарки мундариҷаи асар ва ҷаҳони андешаву афкори адиб имкон фароҳам меорад.
Хулоса, тавассути ин китоби пурарзиш хонанда на танҳо аз вазъи насри имрўзи тоҷик огоҳ мешавад, балки ба таърихи он низ назаре андохта, татбиқи беҳтарин суннатҳои насри классикӣ ва адабиёти шифоҳиву насри ривоятиро дар канори баҳрабардории адибон аз дастовардҳои хамқаламони бурунмарзии худ ба мушоҳида мегирад ва ба вусъати назару иттилои комили нигоранда итминон пайдо мекунад. Дар матни ин тадқиқот номи садҳо адибон ва унвони осори онҳо зикр шудааст, ки овардани онҳо дар замимаи асар – дар феҳрасти номҳо ва осор басо судманд мешуд.
Муаллиф муваффақ шудааст, ки манзараи куллии насри имрўзи тоҷикро дар иртибот бо ташаккул ва таҳаввули анвои адабӣ ва хати сужету устухонбандӣ, образҳои мураккаби персонажҳо, тасвири вақту фазо ва таҳлили забони адибон хеле воқеъбинона ва бо далелҳои мўътамад ба қалам орад.

пешина
аз 500
навбатӣ