Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шахси нигоранда, ба сифати ҳаками баинсофу жарфнигаре мебинем, ки ба таълифоти ҳамзамонон бетараф нест ва, дар айни замон, аз нақди тавсифӣ ва сирф ҷурмҷўёна низ барканор аст ва ба ҳамин далелҳо арзиши амалии он ҳам барои адибон ва ҳам барои ноқидони адабиёт бебаҳс аст.
Соли 2014

СИПАҲСОЛОРИ НОМВАРИ ТАЪРИХ
Неъматуллоҳи Қозӣ (Шикеб). Темурмалик – амири
Хуҷанд: Романи таърихӣ.–Теҳрон, 1376.–387 с.

Дар бораи муаллифи ин асар маълумоти зиёде дар даст нест. Он чи аз пешгуфтори Исмоили Сорамӣ ба даст омад, ин аст, ки соли 1302 ҳиҷрии шамсӣ (1924 мелодӣ) дар хонаводаи олимони дин чашм ба олам кушодааст. Аз панҷсолагӣ назди падар таълим гирифта, баъди хатми мадраса ба Теҳрон рафтааст ва, ба қавли худаш, «дар ҷустуҷўи ному нон ночор ба қаламзанӣ ва муаллимӣ пардохт». Як муддат бо рўзноманигорӣ, кор дар радио ва умури ҳукуматӣ машғул шуд, то замоне, ки дигаргуниҳои рўзгор ўро ба инзиво кашид ва боқии умрро бо маҳдудиятҳои моливу мушкилоти зиёди зиндагӣ дар бистари беморӣ ба сар бурд. Бо ҳамин ҳол дар донишгоҳ маҳфили «ошноӣ бо Мавлоно ва Лисонулғайб»-ро то охири умр (1375 шамсии қамарӣ) сарварӣ кард. Чун ба дунёи ирфону озодагӣ роҳ ёфта буд, айёми ногувори рўзгорро бо шикебоӣ ба сар бурда, осори зиёди арзишманде аз худ ба ҷой монд, ки аз он миён достони таърихии «Темурмалик – амири Хуҷанд» мавриди таваҷҷўҳи махсус аст.
Замони мавриди назари муаллиф давраи пурҳаводиси таърих, аз як тараф, ҷанги муғул ва хунрезиҳои паёпай, замони ҳокимияти Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ, қаҳрамонӣ ва ҷонфишониҳои абармардони ватан ва, аз ҷониби дигар, замони зуҳури шахсиятҳои беназири олами ирфон Шайх Наҷмиддини Кубро, Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ буд.
Доманаи ҷуғрофиёи достон низ хеле густурда аст:

пешина
аз 500
навбатӣ