Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зимнан тасвири лаҳзаи ба узвият қабул шудани султон Ҷамолиддин муаллиф аз суннатҳои зебои ин гурўҳ, аз қабили ҷамъ омадан дар ғор, имтиҳони муддаӣ, афрўхтани шамъ, бо ҳам хўрдани ҳалвои хурмо, бо ҳам нўшидани косаи обу намак, қасам хўрдан дар назди аҳли фатиён, бастани камарбанд, суруди умумии ҷавонмардон ёд мекунад.
Дар матни асар омадани пораҳо аз Қуръони Маҷид, қитъаҳои шеъру суруд забони достонро хеле муассир намуда, ба лаҳазот як навъ оҳанги шаҳомат ва тантана бахшидааст. Масалан, суруди ҷавонмардон дар лаҳзаи ҳамоиши айёрон:
Фарзанди Эрон, меҳри фурўзон, Бо фарри яздон, гўядат паём.
Бояд нигаҳбон бошӣ ҳамора
Марзҳои Эронро, ҳон эй ҷавонмард.
Ҳамроҳи имон, ҳамгоми султон Бо ишқи Эрон, бишнав ин паём.
Душман ситезӣ, ҳамроҳ навозӣ Бо сарфарозӣ паймон туро бас, ҳон эй ҷавонмард.
Яке аз вежагиҳои чашмраси асар тасвири манзараву муҳите аст, ки бо истифодаи вофир аз аносири бадеъ рўи сафҳа омадаанд. Нигоранда бо камоли маҳорат манзараҳои шаҳру деҳот, муҳити дарбору хонақоҳҳо ва вазъи табиатро дар иртибот бо ҳаводиси айём ва аҳволи қаҳрамонҳо инъикос менамояд. Аксари маврид тасвирҳои муаллиф аз тафаккури шоиронаи ў дарак медиҳанд ва ишора ба сабки инфиродии моил ба ҷараёни романтикӣ доранд. «Маҳтобшабе буд: моҳ дар миёнаи осмон доира баста ва ба дилрабоӣ нишаста буд.
Анвори симгуни моҳ аз лобалои шохаҳои сарфурўҳиштаи норван саҳни чаманро бо паранде рангин ҳамонанд карда буд, ки пиндоштӣ дар заминаи сабзи он ситораҳои осмонро ноҳамгун ва номавзун ба рада даровардаанд».
Дар мусаввараҳое, ки замони баъди фитнаи муғулро мунъакис шудаанд, на танҳо вазъи ҳузновари маҳалҳо, балки ҳоли дили муаллиф ва муносибати ў ба воқеаҳо низ равшан мешавад. Чунончи, шаҳри Хуҷанд баъди муғултозӣ чунин ба тасвир омадааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор