Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Аз дурдастҳои уфуқ дар миёни торику равшани саҳаргоҳӣ теппае намудор гардид ва тале, ки аз фурў рафтани деворҳо саҳар падид омада буд ва аз саргузашти шуми шаҳри бузурги сарватманд, зебо ва пурҷамъият ҳикоят мекард, ошкор шуд. Аз он ҳама дарахтони сабзу хуррам, ки аз деворҳои боғ сар мекашиданд ва шукуфаву гул нисори мақдами раҳгузарон мекарданд, асаре ба дил намеомад.
Гули анор, ки рўзгоре ҳамчун оташи фурўзон дар анбўҳи барги дарахтон ҳаяҷони бинандаро бармеангехт, дигар дилбарӣ намекард.
Чуғз нола сар дода буд ва дар вайронаҳои шаҳри дилрабои Хуҷанд шевану зорӣ мекард... шаҳре, ки рўзгоре чашму чароғи Мовароуннаҳр хонда мешуд».
Яке аз вежагиҳои мутафарриқи сабки муаллиф истифодаи ҷузъиёти тасвир аст. Ба назар расид, ки хоса ҳини қиёфапардозӣ нависанда бо тафсилоти хеле нозуку рақиқ чеҳраву андом, қаду қомат, сару либос ва аҳволи персонажҳои асарро ба қалам додааст. Масалан, симои Чингизхон баъди мутолиаи порчаи зерин хеле равшан пеши назар меояд:
«Чингизхон бар қоличае, ки аз пашми зарду сафеди гўсфандон бофта шуда буд, нишаста буд ва ба як пуштии обиранг, ки ба рўи он ситорагони осмонро бо ранги сафед муҷассам карда буданд, такя дошт.
Аз маҷмўае, ки чеҳраашро таркиб карда буд, салобате метаровид, ки ҳар бинандаро ба карнаш ногузир месохт:
риши дароз, анбўҳ ва замахт ба зарди зард, ки ба қирмизӣ мезад, дошт, ки муште аз чонаашро пўшонида ва қисмате аз гарданашро аз нигоҳи бинандагон пинҳон карда буд: ду калофа гесуи бофта, ки ранг бохта ва ба сафедӣ гароиш доштанд, бар шонаҳои паҳну ситабраш фурў афтода ва дунболаи он ба ҷониби камараш роҳ кашида буд.
Чашмони сабзрангаш чунон буд, ки пиндоштӣ, ба ранги зард моя мебурд ва дар ҳамон ҳол ба монанди чашмони бабр гирову ҷозиб ва ҳавлангез буд ва чун дида ба дидагони касе медўхт, нигоҳаш чандон нофиз буд, ки бинанда сар ба зер хам мекард ва аз тирраси нигоҳаш мегурехт: кулоҳаш аз чарми сиёҳ дўхта шуда буд, ки барқе аз он ба назар мерасид ва миёни барқе, ки аз он бармехост, як қитъа зумурради дурушт, ки бар теғаи кулоҳаш насб шуда буд, ҳувайдо мегашт, ки партаваш ба пешонии хоқон ҷило ва равшанӣ мебахшид».

пешина
аз 500
навбатӣ