Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мўи сарашро ба монанди туркдухтарони ҳамсарногирифта бофта ва ба даври шона афканда буд ва чун асп метохт, бод аз шиёрҳои мўяш гузар мекард, бўи хуш ба ҳамроҳ меовард, ки маълум медошт он ҷавон ҳам ба расми туркони қарохитоӣ қитъае аз мушки нобро дар миёни мўи сараш пинҳон карда ва аз ҳалқаҳои бофташудаи гесувонаш ҳалқаеро ба ҷойгоҳи мушки ноб ихтисос додааст».
Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз миёни он ҳама чеҳраҳои номвари таърих, ки дар ин китоб зикрашон рафтааст, муаллиф асари худро ба Темурмалик – қаҳрамони ситоишбарангези таърихи даврони муғул ихтисос додааст. Аммо ин симо дар асар он бузургиву ҳашаматеро, ки хонанда аз ў интизорӣ дорад, аз хеш ба зуҳур намеорад. Иллати онро мо дар се нуктаи асосӣ мебинем:
- Темурмалик бояд ҳамчун давомдиҳандаи пайкорҳои қаҳрамонони форсу тоҷик, чун вориси Рустаму Исфандиёр Абўмуслиму Муқаннаъ муаррифӣ мешуд, на турктаборе аз қабилаи қанқлӣ, зеро ҳанўз дар асри Х111 Атомалики Ҷувайнӣ дар «Таърихи ҷаҳонкушой» дар бораи амири шаҳри Хуҷанд гуфта буд: «Ва амири он Темурмалик буд, ки агар Рустам дар замони ў будӣ, ҷуз ғошиядории ў накардӣ».
Гузашта аз ин, худи нависанда қоил аст, ки ҳини ҳамлаи муғул як қисми амирони турктабор аз муқобилат бо Чингизхон даст кашиданд ва сабаби онро дар хешутаборӣ бо муғулҳо шарҳ доданд. Аммо Темурмалик ба дифои Ватан бо сарсупурдагиву ҷоннисорӣ бархост ва нахост, ки кишвар ба дасти ғайр бидиҳад. - Темурмалик чун як шахси мустақил ва роҳнамо мебоист бо шахсияти ҷаззоби хеш мардумро дар атрофаш ҷамъ намуда, бо диловариву тавоноӣ ва истеъдоди ҷанговарии хеш ҷавонмардони Ватанро ба қаҳрамонӣ ангеза медод. Ҳунару истеъдоди ў дар қалъасозиву киштисозӣ, камонгариву шамшерзанӣ ҳамагонро дар шигифт гузошта буд ва чунин соҳибҳунареро набоястӣ, ки сояи хираи дигарон гардад. Дар асари Неъматуллоҳи Қозӣ Темурмалик, мутаассифона, шахсияти зўрманд ва раҳнамо нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор