Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар чунин тасвир барои офаридани чеҳраи персонажи манфӣ ба кор рафта бошад, дар тасвири симои персонажҳои мусбат нигоҳи некбини муаллиф аз назар пинҳон намемонад:
«Шайх Наҷмиддин кулоҳи чаҳортарк бар сар ниҳода, ба рўи он шоле ба ранги сабз баста, пўстини бухороӣ бар дўш афканда, бар порае пўст нишаста ва ба девор такя дода буд.
Аз чашмони сиёҳ ва дар хадақа нишастааш нуре фирўза мебаст, ки иҷоза намедод касе бо вай чашм дар чашм шавад, лабони борик ва фурўхуфтааш бо заррабине, ки парраҳояш аз ду ҷониб каме ба он сў мутамоил буд, ҳамонанд шуда буд ва нишон медод, ки шайх роздоре бузург аст, ки сухан кам мегўяд, ба ҳикмат мегўяд.
Аз ангуштони борик ва кашида, пушти хамида, чеҳраи рангпарида ва пешонии фурўрафтааш ранҷҳои тўлонии рўзгорони риёзат ҳувайдо буд ва нишон медод, ки ҳазрати шайх барои тазкияи нафс ва расидан ба дараҷоти олии сайру сулук умре гаронбор ба бозори савдову суд нисор карда ва аз сафари дарозоҳанги хеш бо зоду тўшае гаронсанг боз омадааст».
Чунин нигориши муфассал дар мавриди тасвири симои Темурмалик низ ба кор рафтааст, аммо, ин ҷо қобили зикр аст, ки нигоҳи муаллиф бо нигоҳи мо мувофиқ нест. Муаллиф гўё ҳадафе дорад, ки мехоҳад Темурмаликро фарде аз табори турк муаррифӣ намояд. Тасвири нахустини қиёфаи ў метавонад далел бар гуфтаи фавқ бошад:
«Ҷавоне бо чеҳраи сўхта, рухсоре гандумгуна ва симои афрўхта асп метохт, ки қадаш кўтоҳ менамуд, вале пайкараи тануманд ва фарбеҳаш аз нерўи бозу ва тўшу тавони танаш ҳикоят мекард.
Абрўвони паҳн, пурмў, сиёҳ ва пурпушташ, ки ба рўи чашмаш фурў рехта буд, қудрати иродаашро нишон медод ва чашмони сиёҳу гирояш, ки бо нигоҳи нофиз дурахшиш мегирифт, ҳушмандияшро ошкор месохт ва лабҳои замахту дар айни ҳол пурҳаракаташ ўро марду шодхор ва ҳавасбоз муаррифӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор