Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Гавҳари шаб» ин ҷо гавҳари шабчароғ, яъне, вуҷуди Паёмбар дар шаби меъроҷ аст, «гови фалак» – талмеҳ ба гови баҳрие, ки ҳар шаб аз дарё берун омада, гавҳари шабчароғро дар соҳил мегузорад ва дар нури он мечархад ва сипас онро дар даҳон гирифта пинҳон мешавад.
«Гови замин» – ишора дар шохи гов қарор доштани замин аст. Дар маҷмўъ ин байт тасвири хеле зебои шаби нурониро пеши назар меорад.
Низомӣ чанд достони худро дар иртибот бо достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфта, вале тафовут дар сабки ин ду шоири бузург хеле ошкор аст. Аллома Шиблии Нўъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» пораҳои шабеҳи асарҳои Фирдавсиву Низомиро бо ҳам қиёс карда, дар мавриде гуфтааст: «Чустии тарокиби Низомӣ, баландии қофия, истеҳком ва тамомияти фиқраот ва ҷумлаот, шукўҳи алфоз ба пояе аст, ки гўӣ шер ғурриш мекунад, дар муқобили он каломи Фирдавсӣ ба назар гўӣ пире бо лаҳни пирона, сард ва фусурда гуфтугў мекунад»
(11, ҷ. 1, с. 276).
Масалан, Фирдавсӣ дар бораи омадани Искандар ба назди Қайдофса менависад:
Биёвард ганҷуру бинҳод пеш,
Чу дидаш, нигоҳ кард з-андоза беш.
Ба чеҳри Сикандар накў бингарид, Аз он сурат ўро ҷудоӣ надид.
Бидонист Қайдофа, к-ў Қайсар аст, Бар он лашкари номвар меҳтар аст.
Айни ҳамин маъниро Низомӣ чунин тасвир кардааст:
Зи тобанда ёқуту рахшанда лаъл, Хиромандаро оташин гашт лаъл.
Магар кону дарё ба ҳам тохтанд, Ҳама гавҳар ин ҷо барандохтанд.
Зани зирак аз сирати шони ў, Дар он доварӣ шуд ҳаросони ў.
Ки ин кордон марди оҳистарой, Чаро шарти хидмат наёрад ба ҷой.

пешина
аз 500
навбатӣ