Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Забеҳуллоҳ Сафо дар бораи ҳунари ў гуфтааст: «Таркиботи ў, ки ғолибан ба хаёлоти бадеъ ҳамроҳ ва бо истиороту киноёти аҷиб омехта аст, маонии хосро, ки то аҳди ў собиқа надошта, муштамил аст, монанди «иксири нафси нотиқа» барои сухан, «ду тифли ҳинду» барои ду мардумаки чашм, «се ганҷи нафс», яъне, қувваи сегонаи мутафаккираю мутахайила ва ҳофиза, «мадҳи чашм», «қасри димоғ» ва садҳо таркиби назири инҳо, ки дар қасида ғолибан дар ҳар байт ва абёти қасидаҳои ў метавон ёфт» (18, ҷ. 2, с. 215). Хоқонӣ дар истифодаи радифҳои мушкил низ қудрати бузург дорад.
Шоир дар охири умр ба шеваи ирфон ва сабки Саноӣ гироиш пайдо карда, дар қасидаҳояш зўҳду ваъз гуфтааст ва худро бо каломи ифтихор ҷонишини Саноӣ хондааст:
Чун фалак даври Саноӣ дарнавашт, Осмон чун ман сухангустар назод.
Низомии Ганҷавӣ устоди камназири сухани форсӣ аст, ки дар достонсароӣ соҳиби сабки худ шуда, аз паяш як иддаи бузурги суханварони асрҳои дигарро кашидааст, вале боз ҳам сабкаш бо сабки касе омехта нест. Муҳимтарин хусусиятҳои тарзи баёни ў дар интихоби дурусти калимаву таркибот, таъбироти тозаву бикр, мазомини наву дилписанд, тасвирҳои батафсили мўйшикофона, ташбеҳу истиораҳои бесобиқа, ҳиссиёти нозуки ботинӣ мебошад. Низомӣ дар шеъри худ луғату таркиботи арабӣ ва истилоҳоти илмиву афкори фалсафиро зиёд ба кор бурдааст, ки ин ҳама боиси душвору печида шудани навиштаҳои ў дар баъзе мавридҳо шудааст.
Аммо ба қавли доктор Сафо, «ҳақ дар он аст, ки бигўем, он шоири салим-ул-фитрати дақиқназар дар айни муболиға дар истифода аз иттилооти адабию илмии худ ва ё ифрот дар тахайюлу муболиға дар эҷоди таркиботи нав малоҳате дар сухану латофате дар баён ва улувве дар маонӣ дорад, ки ин нуқсу нақоисе аз он қабилро бакуллӣ аз назари хонанда пинҳон месозад» (18, ҷ. 2, с. 223).
Барои мисол имкон дорад, ки аз байти зерин ёдовар шавем:
Гавҳари шабро ба шаби анбарин Гови фалак бурда зи гови замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё