Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар саҳифаҳои ёддоштҳо нависанда симоҳои маъруфи Тоҷикистон Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуфҷон Исҳоқӣ, Зариф Раҷабов, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Баҳодур Файзуллоев ва дигаронро низ ба қалам дода, дар бораи хидматҳои онҳо низ изҳори назар кардааст. Муаллиф дар бораи он китобҳое, ки мутолиа мекунад, масъалаҳое, ки дар сари онҳо андеша менамояд, баҳсу талошҳои илмӣ, ки дар онҳо ширкат меварзад, бо эҳтирос ҳарф мезанад. Дар баробари ин, ў хонандагони худро бо муҳити маънавии кишвар дар солҳои 50-60-уми садаи бист ва баъди он низ батафсил ошно мекунад.
Шоирону нависандагони Ғарбу Шарқ, адибони рус ва осори арзишманди онон, нависандагони тоҷик ва моҳияти таълифоти онҳо, осори драмавӣ ва фаъолияти актёрони тоҷик дар театрҳои Тоҷикистон, осори мусиқӣ ва андешаҳо перомуни ин ҳунар ва рушди он дар кишвар аз масъалаҳое ҳастанд, ки гаштаву баргашта таваҷҷўҳи нависандаро ба худ мекашанд ва ў ҳамчун як нафари зиёӣ вазифаи худ меҳисобад, ки аз тамоми рўйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бохабар бошад ва дар ҳама маврид назари инфиродии худро гуфта тавонад.
Дар саҳифаҳои ёддоштҳо муаллиф ба масъалаи ташаккул ва инкишофи театри тоҷик таваҷҷўҳи хоса зоҳир намудааст. Хоса зикри нахустин ошноии нависанда бо театр, ки дар шаҳри Ленинобод ба вуқўъ пайваста буд, барои муосирони мо ва барои муҳаққиқони ҷавони таърихи санъат ва театршинос метавонад ба сифати санади муҳими таърихӣ хидмат кунад.
Чунончи, марказҳои асосии оммавиву фарҳангӣ, аз ҷумла боғи истироҳатии шаҳр ва варзишгоҳ номбар гардида, ровӣ нақл мекунад, ки «маркази севуми оммавӣ-ҷамъиятӣ ва фарҳангии сокинони шаҳри Ленинобод Театри мазҳакаи мусиқӣ ба шумор мерафт, ки дар маҳаллаи Панҷшанбе, дар ҷониби шимолу шарқии мақбара ва масҷиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ буд. Дар ёд дорам, ки даромадгоҳи бинои якошёнаи театрро, ки ба тарзи анъанавии тамошогоҳи аврупоӣ сохта шуда буд, дар ибтидои солҳои 40-уми садаи бист лавҳаи басе ҷаззоби намоишнома-спектакли «Санавбар» (песаи нависанда Раҳим Ҷалил) оро медод». Ҷолиб он нукта низ ҳаст, ки муаллиф толору саҳнаи ин театрро низ дар солҳои 40- ум тасвир намудааст: «Ниҳоят соли 1948 бори нахуст вориди бинои он театр шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор