Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Андаруни он аз саҳнаи калони бо пардаи моҳутии ҷигарранг пўшида иборат буд. Байни саҳна ва толор дар чуқурии бараш тахминан се метр ҷои нишаст барои мусиқорон сохта буданд. Саҳнаи театр нисбат ба толор тахминан як-якуним метр баланд будааст. Толор қариб 30 қатор ҷои нишаст дошт, ки масофаи 35 метри залро ишғол мекард. Бари театр аз 20 метр иборат буд». Дар идомаи ин маълумот Ш. Султонов дар бораи нахустин пйесаҳое, ки дар саҳнаи ин театр гузошта шудааст, аз ҷумла «Аршин-мололон», «Тоҳир ва Зўҳро», «Лайлӣ ва Маҷнун»
ва аввалин иҷрокунандагони нақшҳои асосии ин намоишномаҳо Тоҳир Тоҷибоев, Башорат Тоҷибоева, Зокир Аюбҷонов, Тоҷинисо Султонова ва маҳорату ҳунари ҳар кадоми онҳо маълумот медиҳад.
Як нукта низ қобили таъкид аст, ки нависанда ба масъалаҳое, ки таваҷҷўҳи зиёд дорад, гаштаву баргашта андеша менамояд ва аз кўлбори хотироти худ ҳар бор як лаҳза ё санади наверо зикр мекунад. Чунончи, ба андешаи ў як падидаи бениҳоят муҳим, ки ба равнақи театри тоҷик сабаб шуд, ба театри Ленинобод омадани хатмкунандагони Донишкадаи театрии Маскав буд: «Ҳанўз соли 1959 дар ҳаёти фарҳангиву маънавии Ленинобод воқеаи фараҳбахш ба вуқўъ пайваст.
Зиёда аз бият нафар дастпарварони студияи тоҷикии Институти давлатии театрии Москва ба номи Луначарский барои кори доимӣ ба Ленинобод омаданд. Ва дар таърихи инкишофи фарҳанг бе хеҷ муболиға саҳифаи тоза ва гуворо во гардид.
Маҳз ба шарофати ин рўйдоди ҳаяҷонангез ибтидои солҳои 60-ум бароям давраи басо гуворо, марҳалаи ҳосилхезу бобаракат гардид. Бори нахуст маҳз дар он солҳо тамошобини вилоят имконият пайдо намуд, ки бо асарҳои баландсифати саҳнавӣ тавассути маҳсули эҷодии дастпарварони маъруфтарин донишкадаи олии театрии мамлакати шўравӣ пайваста ошно шавад, ба актёроне, ки он мўъҷизаҳои бадеиро меофариданд, дил бандад. Кофист, ки исми он санъаткоронро ба забон гирам: Маҳмуд Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Дилбар Абдушукурова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Мая Камолова, Аскар Абдураҳмонов, Қошқарӣ Мирзоев, Фотима Ғуломова ва дигарон».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор