Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Масалан, Аттор гўяд:
Гар сирри ишқ хоҳӣ, аз куфру дин гузар кун, К-он ҷо ки ишқ омад, чӣ ҷои куфру дин аст.
Ҳамин тавр, дар шеъри ирфонӣ нуктаҳои зерин ба мушоҳида меоянд:
- Забон латифтар ва нармтар шуда, қолабҳои наҳвии куҳан камтар шудааст.
- Ҷои фахру шаҳомати забони қасоиди давраи хуросониро назокату фасоҳат ва ҳиссиёти отифӣ бештар гирифтааст; 3. Таҳтулмаънӣ доштани аксари вожаву таркибот.
- Хушоҳанг будани калом, хоса ғазалиёти шуарои ориф; 5. Корбурди фаровони калимоти арабӣ.
- Истифода аз оёти қуронӣ ва аҳодиси набавӣ; 7. Ба кор гирифтани калимоти туркӣ.
- Истифодаи калимаву таркиботи махсусе чун: дарёи ваҳдат, офтоби маърифат, мурғи ҷон, бодаи ишқ, водии таслим, барқи истиғно, иқлими маонӣ, оби оташафрўз, оташи обсўз, рамзҳои ақлангез, чормехи тан, офтоби анҷумсўз, наққошони рўҳонӣ, сарои панҷдар, деви бастагир, кушодномаи ақл, тардоманони ақл ва ғ.
Дар сатҳи фикрӣ: - Эътиқод ба ваҳдати вуҷуд.
- Таваҷҷўҳ ба масоили маънавӣ ва ахлоқӣ; 3. Даст кашидан аз мадҳ ва ситоишҳои иғроҳомез.
- Эътиқод ба қазову қадар, тарғиб ва талқини сабр, шукр ва фақру фано, ишқ ба зоти Ҳақ.
- Дар ҳалли таносуби ақл ва ишқ тарҷеҳ додан ба ишқ.
- Шеърро зоҳири маънӣ донистан ва таъкид кардан, ки он ҷуз василае барои баёни маонии ирфонӣ ва ахлоқӣ нест.
- Эътиқод ба фалсафаи юнонӣ.
Дар шарҳи сатҳи фикрии шеъри ирфонӣ Сируси Шамисо қайдҳои сареҳ дорад, ки аз ҷумла ин аст: «Баҳс аз усули фикрии дастгоҳи ирфонӣ муфассал аст ва бояд дар кутуби марбут ҷуст. Дар ҳақиқат, сабки ирфонӣ мухтассоти хоси худро дорад. Дар ин ҷо ба ихтисор ишора мешавад, ки ҳастаи аслии ин тафаккур эътиқод ба ваҳдати вуҷуд аст. Одамӣ бояд дар тайи манозиле (ирфон, тариқат, яъне, ҷодае аст, ки дар он «сайрун ман халқа ила-л-ҳаққи» сурат мегирад), вуҷуди зилии худро ба офтоби вуҷуди ҳақ бирасонад (инсон бозӣ аст, ки аз дасти шоҳ раҳо шуда ва ба хонаи кампирзане афтодааст ва ҳароина ўро шавқи бозгашт аст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё