Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Як нукта барои мо ҷолиб ва ғайриоддӣ буд, ки марзбандии ҳудуди Осиёи Марказӣ аз ҷониби ин донишгоҳ аз фаҳмиши умум тафовут дошт. Ин ҷо ба ғайр аз ҷумҳуриҳои собиқи Шўравӣ Муғулистону як қисми Хитой ва баъзе марзҳои дигарро низ ба Осиёи Марказӣ шомил карда буданд.
Мо роҷеъ ба масоили эроншиносиву заминаҳои ҳамкории илмиву эҷодӣ ва таълимӣ чанде сўҳбат намудем ва дар поёни сўҳбат тафоҳумномаеро оид ба ҳамкорӣ дар байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишкадаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Гумболд ба тасвиб расонидем.
Бо мақсади шиносоӣ ба факултаҳои Исломшиносӣ, Арабшиносӣ ва Эроншиносии Донишгоҳи Озоди Берлин низ равона шудем, вале бо сабаби таътил ва ба рухсатӣ баромадани аксари устодон танҳо бо чанде аз муҳаққиқону масъулини ин донишгоҳи бонуфуз сўҳбат намудем.
Дар рўзҳои истироҳат ба тамошои мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Берлин ва шаҳрҳои дигари Олмон – шаҳрҳои Дрезден, Гамбург, Потсдам мебаромадем. Сайругашт ба воситаи киштӣ ва муоинаи манзараҳои зебои табиату биноҳои таърихиву фарҳангӣ касро ба ваҷд меовард. Тамошои Галереяи машҳури Дрезден, қасри шоҳ ва боғи Сансюсии Потсдам, шаҳри зебову бандарии Гамбург, ки дар соҳили дарёи Элба воқеъ гардида, чун «дарвозаи ҷаҳон» маъруф аст, барои мо таассуроти бою рангин ва фаромўшнопазир бахшид.
Яке аз сафарҳои беҳтарини мо дар рўзҳои истироҳат сафар ба шаҳрҳои Париж ва Версали Фаронса, ҳамчунин шаҳр
–давлати Люксембург буд. Аксари аҳли илму фарҳанг орзу дорад, ки лоақал маротибае ба Париж сафар намояд. Мо низ аз он зумра истисно набудем. Бурҷи Эйфелӣ, Монмартр, қаср-музеи Лувр, ҷазираи Сите, Калисои Модархудои Париж, сайругашт тавассути киштӣ дар дарёи Сена ва муоинаи биноҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Париж, қаср-музейи Версал дар лавҳи хотири мо нақши рангину муаассир гузошт.
Сужаи романҳои маҳбуби давраи наврасии мо Александр Дюма, Виктор Гюго ва ғ., ки дар ин мавзеъҳои таърихӣ рух додаанд, пеши назар ҷилвагар мешуд. Аз ин рў, ин шаҳр-музеи зебо гўё ба мо ошнову азиз буд ва обу ҳавои хубу офтобӣ барои хуш гузаштани сафари мо мусоидат мекард.
Музеи Лувр, ки зиёда аз 35000 экспонат дорад, ҳанўз дар давраи Ҳокимияти Филиппи II сохта шудааст. Намунаҳои олии санъати рассомӣ «Мона Лиза»-и Леонардо да Винчи, «Мадонна бо кўдак», «Савганди Гороций Ҷак»-и Луи Давид, «Озодӣ»-и Делакруа, «Венера Милосская»-и Александр Антеох дар толорҳои ҳамин музей нигоҳ дошта мешаванд. Музеи Лувр аз соли 1793 расман фаъолият дорад ва зиёда аз 200 сол аст, ки ҳамарўза чандин ҳазор тамошогар ба он ворид мешаванд.
Музеи атриёти Фрагонар, шарҳи роҳбалад дар бораи таърихи атрсозӣ, асбобҳои қадимаи тайёр кардани атриёт, тафовути атриёти асил аз атри арзонбаҳо ва робитаи атриёт бо ҷинсу синну сол ва табиати инсонҳо равзанаеро ба олами мушку анбар боз намуд. Атрҳои Коко-Шанел ва Шанел №5, Кристиан Диор ва Джанни Версаче, Амур ва Гуччи ҳар кадом назокати нотакрори худро доранд, ки ба ҷаҳони маънавии инсон ва рўҳу равони ў бетаъсир нестанд.
Қасри Версаль дар масофаи тақрибан 20 км дуртар аз Париж ҷойгир шудааст ва он солҳо резиденсияи шоҳони Фаронса будааст. Толорҳои зебои мунаққаш бо сақфу деворҳои мусаввар, ҳавзу фаввораҳои боғи Версаль аз санъати беназири устоҳои чирадаст ва ҳунармандони асил дарак медод ва намоишгари завқи олии Аврупои асрҳои миёна буд.
Инак, мо боз дар Ватан ҳастем, аммо номҳои шарқшиносони маъруфи олмонӣ Х. Эте, В. Перч, Т. Нёлдеке, Г. Розен, Ф.Рюккерт, А. Шиммель баъди сафар барои мо боз ҳам азизтар шуданд. Докторон Хайзеру Хаазе, Веберу Раух ва чеҳраҳои азизони дигари олмонӣ дар ёди мо нақш бастаанд. Чанд рўз қабл мақолаи профессор Лутс Ҷеҳакро, ки дар саҳифаи интернет роҷеъ ба қонуни нави забони тоҷикӣ интишор ёфтааст, бо камоли шавқ хондем ва чеҳраи ориёияш дубора пеши назар омад. Дарк кардем, ки диламон ба ёди Фарангистон, ба ёди Олмон гум мезанад ва аз забони аллома Иқбол мегўем ки:
Сабо ба гулшани Веймар саломи мо бирасон, Ки чашми нуктаварон хоки он диёр афрўхт.
Соли 2009

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор