Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Баробари аз дар ворид шудан қулфи дар баста мешавад ва танҳо баъди супоридани китобҳо хонанда иҷозати хуруҷ мегирад. Ходимони шўъба китобҳоро рўи аробачаи махсус гузошта, бо камоли эҳтиёт меоранд ва ба зери онҳо исфанҷи нармро ба андозаи китоб мувофиқ карда мегузоранд. Истифодаи худкори рангдор қатъиян манъ аст ва ходимон ҳаракати ҳар хонандаро наззора мекунанд, ки мабодо ба китоб осебе нарасад.
Тибқи мувофиқаи қаблӣ аз ҷониби мушовиру сарпарасти мо доктор С. Вебер бо сармутахассиси шўъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи давлатии Берлин, доктор Кристоф Раух вохўрдем ва ба саволҳои худ посух гирифтем. Кристоф Раух – ҷавонмарди ситорагарми хушсўҳбат, ба лаҳни ширини арабӣ сухан меронад ва ба инглисӣ ҳам хуб балад аст.
Маълум шуд, ки дар ин китобхонаи мўҳташам беш аз 8000 дастхатҳои форсӣ ва 11000 сарчашмаҳои арабӣ маҳфузанд. Ў ба тариқи истисно моро ба хазинаи дастхатҳо даъват намуд ва беҳтарину қадимтарин дастхатҳо, аз ҷумла қадимтарин нусхаи Қуръони шариф, миниатюраҳои «Шоҳнома»-ро ба мо нишон дод. Чӣ қадар дастхатҳои зебову нафис ва гаронбаҳову муҳим дар ин ганҷина маҳфузанд! Вале онҳоро, мутаассифона, фақат дар шакли микрофилм акс бардоштан имкон дошт. Бинобар ин, мо асосан дастнависҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабиро муоинаву мутолиа ва ёддошт мекардем, то феҳрасти онро дар ин китобхонаи бузург пас аз бозгашт ба Ватан таҳия ва ба чоп омода намоем.
Дар Берлин тибқи нақша ба Донишгоҳҳои Гумболд ва Донишгоҳи озоди Берлин рафта, бо масъулину мутахассисони он ҷо вохўрда, роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда сўҳбат менамудем. Дар Донишкадаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Гумболд моро мудири кафедра, профессор Индебург Балдауф, эроншиноси маъруф, профессор Лутс Ҷеҳак, эроншиноси ҷавон Томас Лой ва чанде аз омўзгорони донишкада пазироӣ намуданд ва сўҳбати гарме оростанд. Аз миёни мизбонон доктор Лутс Ҷеҳак роҷеъ ба Тоҷикистон, расму оинҳо ва ҳатто лаҳҷаҳои он огоҳии бештар дошт. Ин донишманди мумтоз ба русӣ низ хуб балад буд ва дар он андеша буд, ки барои ба муҳити тоҷикӣ ворид шудан донистани забони русӣ ҳатмист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор