Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Дар шеъри ирфонӣ радифҳои зебои маснўӣ, вале мушкилу мураккаб тарҷеҳ доранд.
Масалан, радифҳои шеъри Саноӣ: нест, ҳаст, шуд, то бод чунин бодо, чӣ хоҳӣ кард, набояд бошад, дигар омад, бояд буд, кам кунед, шабат хуш бод, ман рафтам, ҷон эй ҷон, мекунӣ, макун. - Басомади зиёди талмеҳ ва тамсил Дар шеъри урафо ишора ба оёти қуръонӣ ва ҳадис хеле фаровон аст. Гоҳе пораи сураҳо дар шеър бо забони арабӣ ворид шудааст, гоҳи дигар ишора ба мазмун ва матолиби қуръонӣ ба зеҳн мерасад.
- Майл ба парадоксҳо ва таноқузҳои шеърӣ (тазоду муқобала).
Мавлавӣ:
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам ханда шудам, Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Саноӣ:
Гар ҳарифон з-он макони ломакон пай баргиранд, Мо бар ин маълуми номаълум дасте барниҳем. - Таваҷҷўҳ ба ирсоли масал.
Азбаски шеъри ирфонӣ шеъри пандомез аст, дар баёни андарз шоирон зарбулмасалҳои мавҷударо ба кор бурдаанд ё худашон бо истифодаи қавоиди зарбулмасалсозӣ онро сохтаанд. - Истифодаи анвои таҷнис. Шоирони ориф ба суханбозиву сухансозӣ майли зиёд доштанд.
- Истифодаи такрор ва тарсеъ. Ин саноеи бадеӣ ҳамроҳ бо таҷнис барои хушоҳангии калом ва ҷозибаву шўру шари шеър хидмат кардаанд.
- Истифодаи вофири санъатҳои тавсифу ташбеҳ ва истиора.
- Таркибу таъбироти адабии бесобиқа.
Сарчашмаҳо:
- Бадеъуззамон Фурўзонфар. Сухан ва суханварон.–Теҳрон: Интишороти Хоразмӣ, 1369.
- Баҳор Муҳаммад Тақӣ. Сабкшиносӣ.–Теҳрон: Интишороти Амир Кабир, 1373.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё