Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ШЕЪРИ ОЛАМГИРИ РЎДАКӢ

Он кас, ки шеър донад, донад ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист.
Низомии Арўзии Самарқандӣ

Абўбдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакӣ, ки бо номҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро», «Корвонсолори шоирон», «Соҳибқирони шоирӣ», «Нахустустоди устодони сухан» шўҳрат дорад, дар ақсои ҷаҳон ба унвони бунёдгузори шеъри оламгири форсӣ эътироф шудааст.
Дар хусуси шарҳи ҳол ва мероси адабии ў осори илмии зиёде рўи кор омада, ки аз таваҷҷўҳи рўзафзуни донишмандон ва адибон ба шахсияти хориқулоддаи ин суханвари беназир дарак медиҳанд. Афзун бар маохизи қадиму сарчашмаҳои дасти аввал осори тадқиқотии олимони маъруфи эронӣ Саид Нафисӣ, Шиблии Нўъмонӣ, Ризозода Шафақ, Забеҳуллоҳи Сафо, Бадеуззамони Фурўзонфар, Ҳусайни Дониш, олимони тоҷик С. Айнӣ, А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Р. Ҳодизода, А. Насриддинов, Қ. Рустам ва донишмандони русу Аврупо Ҳ. Эте, А. Е. Крымский, Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский, А. Тоҳирҷонов барои шиносонидани Рўдакӣ, таҳияи матни саҳеҳи осори ў ва нақду баррасии ашъораш хидмати шоиста ба ҷо овардаанд.
Пайдоиши нахустин тарҷумаҳои осори Рўдакиро ба охири асри ХУ11 мансуб медонанд. Соли 1697 мусташриқи франсавӣ Бартелеми Д’Эрбело қомуси сеҷилдаеро бо номи «Китобхонаи Шарқ» интишор намуд ва хонандагони франсавиро, ки то ин дам аз осори Ибни Сино ва Саъдӣ бохабар буданд, бори аввал бо Рўдакиву Фирдавсӣ, Асадии Тўсӣ, Анварӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон низ ошно кард.
Хонандагони рус маълумоти аввалинро дар бораи Рўдакӣ аз маҷаллаи «Паёми Аврупо» («Вестник Европы», 1815) ки дар он фишурдаи асари Журден «Форс» дар бораи адабиёти форсу тоҷик аз Рўдакӣ то Ҷомӣ оварда шудааст, пайдо карданд.
Ошноӣ бо осори рўдакишиносони Аврупову рус ба натиҷае овард, ки донишмандони Fарб ҳанўз аз ибтидои асри ХІХ ба эҷодиёти ин суханвари номвар ва навовар таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, абёти дилнишини ўро ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума кардаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ